Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Ба машғулони дарди субҳгоҳӣ,
Ба мақбулони даргоҳи илоҳӣ,
Ба рӯзи тираи дилҳои сӯзон,
Ба шабҳои сиёҳи тирарӯзон,
Ба ҷони бегуноҳи хурдсолон,
Ба шоми бечароғи тангҳолон,
Ба маҳбусе, ки умраш рафт дар банд,
Ба ғамноке, ки бо ғам гашт хурсанд,
Ба беморе, ки бекас мурду бадҳол,
Бад-он кӯре, ки дар раҳ гашт помол,
Бад-он вайронаҳои меҳнатобод,
Бад-он дилҳо, ки аз меҳнат бувад шод,
Дар ин навмедиям уммеди нав кун,
Умедамро ба коми дил гарав кун.
Ғанӣ Абдулло аз лагер соли 1947 баргашта бошад ҳам, дар чанд нусхаи тарҷумаи ҳоле, ки дар бойгонии ӯ ҳаст, солҳои 1947-1955-ро чун солҳои озодии худ зикр накардааст. Дар он айём, ба қавли худи нависанда, «ҳамаи дарҳо ба рӯяш баста буданд». Ва танҳо аз 14-уми августи соли 1956, баъди аз ҷониби Трибунали ҳарбии округи ҳарбии Туркистон таҷдиди назар шудани дафтари аъмол ва бегуноҳ донистанаш ӯ оҳи сабуке кашид, худро андак озод ҳис кард ва барои баровардани қусури солҳои барҳадаррафтаи умр бо тамоми вуҷуд ба кори эҷодӣ дода шуд.
Аввалин асаре, ки ӯ баъди баргаштан ба фаъолияти адабӣ навишт, песаи «Пеш аз субҳ» (1949) буд, ки тақдири пурфоҷиаи мардуми моро дар гузаштаи пеш аз Инқилоби октябр тасвир мекард. Баъдан Ғанӣ Абдулло дар як силсила асарҳои драмавияш масъалаҳои маънавияти инсон, мақому манзилат ва шаъну шарафи инсон дар ҷомеа ва муҳити зисту кор, нангу номус ва обрӯю эътибор, арзиши ахлоқӣ ва иҷтимоии инсонро мавриди андешаву тасвир қарор дода, ба ҳамин васила ҳиссае аз мушкилоти ҷомеа ва дарду аламҳои худро ифшо намуд. Песаҳои «Шарафи инсон» (1956), «Суруди кӯҳсор» (1957) ва «Мо аз Боми Ҷаҳон» (1965) аз ҳамин ҷумлаанд. Як идда песаҳое, ки ӯ дар солҳои 60 – 70 – и қарни гузашта эҷод кард, ба мавзӯъҳои таърих марбутанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё