Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Куҳанро алвидоъ гуфтан зарур аст,
Чӣ лозим бори вазнин? Роҳ дур аст.
Зи ҳасрат вой бар ҳоли касе гӯй,
Ки гардондаст аз афкори нав рӯй.
Чӣ лозим куҳнадӯзӣ, гар умед аст,
Ки сӯйи мақсади нав раҳ сафед аст…

Худи устод Миршакар аз умри пурбаракаташ меболид, ҳеч гоҳ нашунидаам, ки гузаштаро наҳ зада бошад. Ӯ инсони воқеъбин ва хирадманде буд, ки бурду бохти замонҳо ва ҷомеаҳоро дар тарозуи вақту фазо ва ақлу фаросат бармекашиду месанҷид ва мегуфт:

Ёд кардан гузаштаро шараф аст,
Лек такрори нобаҷо хатар аст.
Бо раҳи бехатар бар оянда
Дилпурона қадам задан ҳунар аст.

Ва дар айни замон меафзуд:

Дидани фардоӣ дорам орзу,
Бо умеди ӯст равшан рӯзи ман.
Лек бар ман менамояд бесутун
Хонаи фардои бедирӯзи ман.

Устод Мирсаид Миршакар як шахсияти ҳаётдӯст, инсонпарвар ва мушфиқу меҳрубон буд, ҳар нафас ва ҳар лаҳзаи зиндагиро азизу ғанимат медонист, ҳеҷ гоҳ ноумедиро ба дил роҳ намедод ва пайваста талқин мекард:

Ай дар ғами он, ки ин «ҷаҳон турфа дамест,
Андар дами ҳар вуҷуд пайдо адамест»,
Зинҳор мадеҳ домани уммед зи даст,
К-андар пайи ҳар тирашабе субҳдамест!

3 Мавзӯи шоир ва халқ, шоир ва Ватанро метавон ба сифати яке аз мавзӯъҳои марказии эҷодиёти Мирсаид Миршакар арзёбӣ намуд. Ҳам дар шеъру достонҳои барои кӯдакон ва ҳам дар ашъори ғиноӣ тамоми ғоя ва фалсафаи эҷодиёти устод Миршакар, сарфи назар аз мавзӯъ ва ҳадафи мушаххаси асарҳои ҷудогона, ба тарғиби ватандӯстӣ ва халқпарварӣ мепайвандад.

пешина
аз 202
навбатӣ