Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муҳаббат ба сарзамини аҷдодӣ гоҳ ба тарзи хеле сода, бидуни истифодаи таъбироти бадеӣ ифода меёбад, мисли:

Куҳистони азизамро
Ба ҷонам мепарастам ман,
Ба васфи ӯ ғазал хонам,
Ба ёдаш зинда ҳастам ман!

Гоҳи дигар меҳри Ватан пайваста бо дарду алам аз парешонии халқ ва бо тараннуми орзуи дидани осмони софу беғубори Ватан ва осоишу оромиши мардум тавассути эҳтиросу эҳсосоти баланд баён мегардад, чунон ки дар ин абёт аз манзумаи «Панди Саъдист гавҳари ишқам»
(баҳманмоҳи с.1990):

Ҷонакам, ҳамчу зулфакони ту
Қавми тоҷики ман парешон аст.
Дарди сахтест ин парешонӣ,
Ҳиммати адл марҳами он аст.

Қавми ман! Ин сухан зи тифлиям
Ахтари ишқу осмони ман аст,
Зинда ҳастам ба хотираш, оре,
Як ваҷаб хоки ӯ ҷаҳони ман аст…

Дар дили ман нагаштааст хомӯш,
Медурахшад ситораи уммед,
Дӯхта сӯйи равнақи фардо
Адлпарвар назораи уммед.

Мирсаид Миршакар парвардаи даврони шӯравӣ, фарзанди номвари замони худ ва ба маслаку мароми он замон
содиқ буд. Ба гузаштаву имрӯзу ояндаи на танҳо халқу Ватани хеш, балки тамоми ҷахон ва ҷаҳониён ӯ бо чашми хирад ва дидаи пурумед менигарист. Барояш дидани нобасомониҳои

пешина
аз 202
навбатӣ