Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Дафъ кун яъсро!
Ба хотир дор,
Мо на танҳо барои имрӯзем,
Балки имрӯз баҳри фардо низ
Машъали ақл бояд афрӯзем!
Дар ибтидои солҳои 90-и асри гузашта замона ниҳоят бесаранҷом буд, устод Миршакар аз майдоншиниҳо, бенизомиҳои ҷомеа, бефаросативу кӯтоҳназарии пешвоёни ҳизбҳову ҷунбишҳои сиёсии вақт, бозиҳову дасисаҳои мардумфиребонаи корчаллонони маҳалҳову мазҳабҳо ба риққат меомад. Ӯ нисбат ба ҳодисаҳову шахсони корҷунбони онҳо изҳори назар мекард, вале хеле кӯтоҳ ва хулосаи ин гуна андешаҳояш тақрибан ҳамеша чунин буд:
Дину Миллат,
Урфу Одат,
Душманиву Дӯстӣ
Аз ниёгонанд меросе чу рамзи неку бад.
Некро аз бад ҷудо кардан на кори ҳар касест,
Ғайри ҷидду ҷаҳду кӯшиш лозим аст Ақлу Хирад!
Устод Мирсаид Миршакар, ки талхиву шириниҳои ҳаётро бисёр чашида буд, ҳамеша умедвориро аз яъс, боварро аз ноумедӣ ва қудратро аз аҷз болотар мегузошту навро аз кӯҳна авлотар медонист. Ӯ пайваста талқин мекард, ки «Бале, тоҷи нави ҳар қавму миллат Надорад бе дури бигзашта зинат» ва таъкид менамуд, ки «Вале байни дур(р)у рег аст фарқе, Чу байни шӯълаи Хуршеду барқе!». Дар оғози истиқлол касоне аз зумраи куҳансолону миёнасолон кам набуданд, ки аз шикасту пошхӯрии давлати шӯравӣ бо ҳасрату алам ёд мекарданд, ба воқеияти нав, ки шӯру валвала, харҷу марҷ ва таҳдидҳои зиёд ба осоишу оромиши ҷомеа дошт, бовар намекарданд. Устод Миршакар, сарфи назар аз пириву ранҷурӣ, бо вуҷуди он ки, ба қавли устоди бузург Мирзо Турсунзода, «ҳар қатра хун, ҳар тори мӯяш коммунист» буд, воқеияти навро пазируфт ва гуфт:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё