Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Зеро дар танҳоӣ ва берун аз иртиботи байни ҳамдигар ҳар яке аз мафҳумҳо бори образи бадеии муайянро ба уҳда дошта бошад ҳам, асосан як маънову як мазмунро ифода мекунад. Гул, булбул, хор, қафас, сайёд, шамъ, парвона, ёр, ағёр, гург, шубон, мурғ, лона, ошёна, рақиб ва ғайраву ҳоказо – ин ҳама мафҳумҳои бадеие ҳастанд, ки дар лирикаи ошиқонаву ирфониву тасаввуфии шоирони гузашта барои ифодаи эҳсосот, андешаҳо ва ҳолату вазъи қаҳрамонони лирикӣ ва тасвири лаҳзаҳои васлу ҳаҷр, ба мақсади ташбеҳу мушобаҳати объекти тасвир ба таври фаровон истифода шуда, чи дар алоҳидагӣ ва чи дар алоқамандии мутаносиб маъмулан бори як маъниву як ҳадафро мекашиданд.
Дар ғазалиёти истанбулии Лоҳутӣ ин мафҳумҳо, иловатан бар маъниҳои асливу анъанавӣ, мазмунҳои нави таҳтонӣ ва тобишҳои тозаи маъноӣ касб намуданд. Худи Лоҳутӣ вобаста ба ин нукта чунин навишта буд: «Ин ашъор (манзур ғазалиёти истанбулист – А.А.) аксаран бо рамзу киноя гуфта шудаанд, сабаби ин ҳам возеҳ аст: агар матлабро ошкор мегуфтам, сензураи ҳарбии Туркия, ки дар зери назорати инглисҳо буд, ашъори зиддиимпериалистии маро ҳаргиз ба матбуот роҳ намедод. Ин аст, ки худамро булбул, ватанро боғи вайрона, Англияро гоҳ зимистони манфур номидаам, ки гулҳои боғро хазон мекунад ва гоҳ сайёди бераҳме хондаам, ки булбули маҷрӯҳро ба доми худ асир кардааст».
Аз ин ҷост, ки Лоҳутӣ дар ғазалиёташ бо нолаву фиғон ва зориву тавалло ба сайёд муроҷиат мекунаду аз вай тараҳҳум мехоҳад:
Аё сайёд, шарме кун, маранҷон нимҷонамро,
Пару болам бикан, аммо масӯзон ошёнамро.
Дар шеъри гузаштагон низ шоирон вазъи бечорагиву дилшикастагии худро ба мурғи беболупар ва манзили вайронаашонро ба харобаи чуғзнишин ташбеҳ медоданд. Масалан, байти машҳури Саййидо ба ҳамин маънист:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё