Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Часть II – М., 1970, с. 95).
Масалан, дар шеъри гузаштагон тасвири ҷаври шамъ бар парвона аксаран чун киноя аз ҷаври маъшуқ бар ошиқ меомад. Умуман шамъу парвона аз маъмултарин образҳои лирикаи ошиқонаи анъанавӣ маҳсуб мешуданд. Яъне, дар шеъри классикӣ низ дар таносуби образҳои мазкур тобиши рамзу киноя ҷой дошт, вале ин образҳо асосан барои ифодаи мазмунҳои ошиқона хизмат мекарданд.
Муроҷиати Лоҳутӣ ба рамзу маҷоз низ аз қиссаи манзуми «Шамъу парвона» (1914) оғоз ёфт. Дар ин манзума Лоҳутӣ ба уҳдаи образҳои шамъ ва парвона бори тамоман нави маъноиву ғоявӣ ниҳодааст: шамъ – рамзи ватан ва парвона – рамзи ватандӯст. Мувофиқан мафҳуми ишқ низ дар манзумаи Лоҳутӣ ба маънои ватандӯстӣ ва Мағриб чун рамзи рақиб омадааст. Ғояи асар низ бар таносуби образҳои мазкур қарор гирифтааст.
Аслан аз мероси матбӯъи Лоҳутӣ қиссаи «Шамъу парвона» аввалин асарест, ки дар он мазмуни сиёсиву иҷтимоӣ тавассути рамзу маҷоз ва дар шакли тамсил ифода гардидааст. Баъдан образҳову мафҳумҳои маҷозиву рамзӣ дар эҷодиёти Лоҳутӣ вусъат пайдо карда, дар ғазалиёти, ба истилоҳ, истанбулии ӯ (1917-1920) бар дигар тарзҳои ифодаи матлаб тасаллути комил пайдо мекунад. Дар ин ғазалҳо ҷои даъвату хитобаҳои публитсистиро асосан ифодаи рамзиву маҷозии матлаб мегирад, образҳои лирикаи ошиқонаи классикӣ ба баёни мазмунҳои нави замон тобеъ гардида, ба ҳамин мақсад ба таври фаровон истифода мешаванд ва ба қавли худи Лоҳутӣ, «шакли анъанавӣ бо мазмуни муҳими рӯзмарра дар онҳо тавъам аст» (Куллиёт, ҷ. VI, саҳ. 171).
Дар ғазалиёти истанбулии Лоҳутӣ истифода аз образу таъбиру мафҳумҳои бадеии анъанавӣ ба мақсади баёни мазомини нави сиёсиву иҷтимоӣ чунон вусъат мегирад, ки дар натиҷа ин образҳову таъбирҳову мафҳумҳо ба як системаи муайяну махсус табдил меёбанд. Моҳиятан ин система маҳсули алоқаву таносуб касб кардани образҳову мафҳумҳо буда, барои маъниву мазмуни иловагӣ ва таҳтонӣ пайдо кардани онҳо имкон фароҳам меоварад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё