Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Зимнан масъулу муаллифи барнома Давлати Раҳмониён ва мусоҳибаш Саидалии Саид байтеро қироат карданду гуфтанд, ки он ба яке аз шоирони сабки ҳиндӣ мансуб аст, вале муаллифашро ном набурданд. Ва пардохтанд ба шарҳу тафсилу тафсири он байт. Тақрибан бист дақиқа онро такроран мехонданду тафсир мекарданд. Ба назару хаёлам чунин менамуд, ки ин байтро куҷое шунидаам ё хондаам. Ниҳоят ба ёдам омад, ки чанде қабл Давлат телефонӣ ғазали навашро бароям хонда буд ва ин байт яқинан матлаъи ҳамон ғазал аст.
Телефонаш кардам. Пай бурд магар, ки баъди салому алейк хандиду пурсид:
– «Сайди маънӣ»-ро тамошо доред?
– Бале. Ҳамон байт азони ту нест?
– Аз ман аст. Ман ин байтро ба онҳо додаму гуфтам, ки муаллифашро намедонам, вале дақиқан моли кадоме аз шоирони мактаби Бедил аст. Шӯхӣ кардам, онҳо масъаларо сахт ҷиддӣ гирифтаанд…
Ҳарду ба завқ хандидем. Он байт чунин аст:

Зулфи хоб аст, ки дар шонаи мижгон омад,
Мушкили мардумаки чашм ба сомон омад.

Чаҳор маҷмӯаи шеър, ки Давлат Сафар манзури хонандагон намуд, пайки итминонбахшанд аз баҳори шукуфтани табъи ӯ, чунон ки худ мегӯяд:

Меҳр аст агар дурри сухан суфтани мо,
Ишқ аст ба зиндагӣ Ватан гуфтани мо.
Гуфтӣ, ки зи як гул ту маҷӯ пайки баҳор,
Сад пайки баҳор аст ба бишкуфтани мо.

соли 2013

пешина
аз 202
навбатӣ