Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Шаҳбайти дилам дар хати ожанги ту буд,
Оромии дил ба сина аз ҷанги ту буд.
Армони дили шафақсириштам гӯё
Дар субҳи умеди мӯи шабранги ту буд.
Ман пеши худ ифтихор мекардам, ки як нафар шоири ҷавони мо бо муаллифи шеъри «Ман ориёиям», ки дар Тоҷикистон ба суруд-хити сиёсии ватандӯстона табдил ёфтааст, дар сатҳи касбии шоирона мушоира дошт.
Оғози соли 2012 буд, ки рӯзе Давлат Сафар наздам омаду ғазалеро ба дастам дод ва гуфт, ки мехоҳад онро чун намуна ба ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» пешниҳод намуда, озмун эълон бикунад, ки шоирон дар ҳамин вазну қофия ғазал бигӯянд. Ғазалро хондам, хуб буд. Мехостам бигӯям, ки ин кор бароят ҳанӯз барвақт аст, сабр кун, вале аз ваҷоҳату лаҳни суханҳояш пай бурдам, ки ӯ тасмим гирифтааст ва шасташро гардонидан нашояд, ҷуръату шуҷоати адабиаш беҷо нест. Ва ғазали Давлат Сафар бо пайомади маблағи муайян мавриди озмун қарор гирифт. Дар натиҷа беш аз 80 ғазал дар пайравии он ғазал ба табъ расид, ки матлааш ин аст:
Сабрам агар ки сел шавад, дам намезанам,
Дар об нақши обрӯ барҳам намезанам.
Дастандаркорон ғазалҳоро баррасиву таҳлил карда, ба хулосае омаданд, ки ҳеҷ кадом аз онҳо дар пояи ғазали Давлат гуфта нашудааст, биноан ҷои аввал ба касе насиб нашуд ва чанд нафар аз иштирокдорони озмун ҷоизаҳо гирифтанд.
Ёдовар шуданам аз ин воқеа ба ин маънист, ки Давлат шоирест, ки шуҷоату ҷуръат ва ба истеъдоди худ бовар дорад. Ин сифатҳо барои шоире, ки мехоҳад сухани худро бигӯяд, нафаси тозае дошта бошад, хеле муҳим аст.
Як воқеаи дигарро мехоҳам ёдовар шавам, ки аз танзу зарофати хоси Давлат Сафар гувоҳӣ медиҳад. Одатан ӯ як шеър ё рубоие эҷод ки кард, телефонӣ бароям мехонад, яъне банда аз шунавандагону хонандагони аввалини тақрибан ҳамаи шеърҳои тозаэҷоди ӯ ҳастам. Рӯзе барномаи маъмули телевизионии «Сайди маънӣ»-ро тамошо мекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё