Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Тоҷикистони маро пора макун!
Марзи имони маро пора макун!
Ва ҳангоме ки ба сабаби нооромиҳову таҳдидҳо мардум гурӯҳ-гурӯҳ Душанберо тарк мекарданд, Саидалӣ Маъмур бо садҳо алам иброз медошт, ки наметавонад ошёни дилро фурӯ гузорад («Ошёни дил»). Аз фирори иҷбории ҳаммиллатон ба хоки бегона ӯ ба риққат меомаду бо ҳасрат фиғон мекард, ки:
…Дар Ватан ӯ хонаи обод дошт, Сарпаноҳаш хаймаи бегона шуд.
Тоҷики ман мурғи кӯчие набуд, Лоҷарам бе донаю бе лона шуд.
Майдонгириву ихтилофи ҷоҳилона ва таҳмилии ҳаммиллатонро шоир бо лоилоҷиву дареғ ба назм мекашид ва аз Худо илтиҷо мекард, ки дар дили ҷонибҳои мухолиф тухми шафқату меҳр бикорад:
…Тоҷикам бар тоҷикам ҳарфи малолат мезанад,
Тоҷикам бар тоҷикам санги маломат мезанад…
Эй Худои меҳрубон, раҳме бикун бар бандагон,
Зумраи сангарнишинатро бигардон меҳрубон!
Ибрози меҳри Ватан, ситоиши Тоҷикистон, ташвиқ ба дӯстдориву ободонии сарзамини аҷдодӣ, тарғиби сулҳ, осоиш, ҳамдиливу ҳамбастагӣ яке аз мавзӯъҳои асосии ашъори иҷтимоии Саидалӣ Маъмуранд. Масалан, дар шеъре ӯ пайванди худро бо Ватан ин гуна зебо тасвир кардааст:
Дарахти сершоху сербарге
Агар, эй Тоҷикистонам, ту бошӣ,
Манам як барги сабзи шохаи ту,
Зи офатҳо нигаҳбонам ту бошӣ.
Ва ё дар ғазале ин ҳиссиёти ватандӯстиро чунин иброз доштааст:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё