Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Шеърҳои «Дарди ҷанг», «Модари қаҳрамон», «Нидои модар», «Ҳамдиёрон», «Сарбозони ҷонфидо», «Маллоҳ», «Ёддошт», «Номаҳои сегӯша» ва даҳҳо шеъри дигаре, ки мавзӯи ҷангро аз паҳлуҳои гуногун баррасӣ мекунанд, аз ғояҳои баланди инсонпарварӣ ва сулҳдӯстӣ, ватанхоҳиву гуманизми асил саршоранд. Ҳамсояи маҷруҳеро, ки Сайдалӣ тасвир кардааст, ду-се даҳсола пеш мо дар ҳар кӯчаву бинои бисёрошёна медидем:
Шарфаи пойҳои ҳамсоя Ҳар саҳар мекунад маро бедор.
Пои чӯбини ӯ кунад тақ-тақ, Мешавад ғуссаи дилам бисёр…

3
Саидалӣ Маъмур яке аз шоиронест, ки мавзӯъҳои иҷтимоӣ ва оҳанги публитсистӣ дар шеъраш мавқеи хос доранд.
Ашъори ватандӯстонаи ӯ тақрибан ҳамеша рӯҳияи публитсистӣ ва оҳанги хитоба дорад, мисли:

Тоҷикистони азизам,
Сарзамини дилситонам.
Гар ту бе ман метавонӣ,
Бе ту ман будан натонам.

Дар аввали солҳои 90-и асри гузашта, вақте ки Ватан ноорому мардум саргардон шуд ва хатари пора гардидану барбод рафтани Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақилу ягона таҳдиди воқеӣ дошт, Саидалӣ дар қатори шоирони воқеан ватандӯст садо баланд кард, ки:

пешина
аз 202
навбатӣ