Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
равшану возеҳ метавонад эҳсос бикунад, зеро сухани ӯ аз дил бурун меояду саршор аз унсурҳои забони халқ аст:
Зи худхорӣ дар ин олам ҷазое нест,
Ду чашми бози кӯрамро қазо гирад,
Ғурури нозарурамро Худо гирад.
Надонистам, чу тифли монда аз модар,
Муҳаббат ҳам зи бепарвоӣ мемирад!
Дар олами маънавии қаҳрамони ғиноии бисёр шеърҳои Гулрухсор ғаму шодӣ, ғуссаву фараҳ, яъсу болидагӣ ва дигар эҳсосоти мутазод дармеомезанд ва худи шоир ин ҳолатро чунин шарҳ додааст: «Одамизод аз дарду шодӣ, ҳаёту марг, базму мотам, қаҳрамониву хиёнат ва ҳазорҳо унсурҳои дигари некиву бадӣ сиришта шудааст. Шеър ҳам бояд аз ҳамин ҳақиқат ғизо гирад».
Ишқ дар ашъори Гулрухсор мафҳуми васеъ, бисёрпаҳлу ва амиқ аст. «Гоҳе ки ошиқ нестам, – ман нестам, ман нестам», – мегӯяд шоир ва дар ин эъломия марому ҳастии ошиқонаи ӯ ифода ёфтааст.
Шеърҳои ошиқонаи Гулрухсор моломол аз ҳиссиёти эҳтироз ва хоҳишу тардиданд. Гулрухсор на танҳо эҳсосоти ошиқонаи шахси худ, балки ҳолату рӯҳияи ошиқонаи ҳамнаслону ҳамзамононашро сурудааст, чунон ки мегӯяд:
…Чӣ оташест дар нигоҳи фирории ту, Ки боғи фароғи маро ҳамекашад ба гулхану дуд?
Ман он хонабадӯшам, ки дӯш забони баёни ҳама Пур аз нишонаи ман буд.
Ман он шоири ишқам, ки номаи ошиқонаи як насл Шеъри ошиқонаи ман буд…
Дар лирикаи Гулрухсор мавзӯи хориҷа низ мавқеи муҳим дорад ва оҳанги граждании шеъри ӯро баландтару қавитар менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё