Зеҳн
Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ман ба рӯи мардуми садрӯй Аз мазоқи ханда дигар ошиқу сармаст гул наафшонам.
Санъати хушбахт будан рафтааст аз ёди ёдам, Ман зи беёдии худ шодам…

Дар лирикаи Гулрухсор мавзӯи ишқ мақоми махсус дорад. Лаззати лаҳзаҳои васлу дидор, ғаму андӯҳи ҳаҷру фироқ муҳаррики асосии эҳсосоти қаҳрамони лирикии ашъори ошиқонаи ӯ мебошад. Барҷастатарин сифати шеърҳои ошиқонаи Гулрухсор самимияти ибрози эҳсосот аст. Аксари чунин шеърҳо монологи пурэҳтирос ва ё гуфтугӯи шахси шоира бо дилаш буда, ин гуфтугӯ гоҳ пурдарду ҳазин ва гоҳ мамнуну масрур, гоҳ пуризтиробу пурилтиҷо ва гоҳ бурдбору комгор, гоҳ қатъиву раднопазир ва гоҳ нобоваронаву хаста садо медиҳад. Ҳамаи ин тазодҳо аз чашмаи замири дил об мехӯранд, мураккабии ҷаҳони ботинии шахсеро таҷассум мекунанд, тағйирпазирии рӯҳияи инсон, табдили доимии вазъи рӯҳии ӯро ифода менамоянд, драматизми шеърро шиддат ва заминаи воқеии онро қувват мебахшанд:

Дар дил ғубори ҳасрату дар сар хумори ту,
Сад чашм дар назорату хоҳам канори ту.
Бар донаи навозишат ман мурғи гушнаам,
К-уммеди лона доштам дар шохсори ту.
Дар зери тири чашмҳо сӯи ту меравам,
Аммо фиғони кӯдакам ово кунад маро…
Не, ман намеравам…

Аксаран аз шеъри Гулрухсор гӯё шахси ба шумо ниҳоят
наздик дарди дил мегӯяд: аз кардаи худ пушаймон асту азоби рӯҳӣ мекашад, хуни дил мехураду лоилоҷ мемонад. Ин
гуна шеърҳо чунон самимӣ садо медиҳанд, ки хонанда ё
шунаванда рӯҳия ва оҳанги гуфтори қаҳрамони ғаноиро

пешина
аз 202
навбатӣ