Фурӯғи чеҳраҳо

«Фурӯғи чеҳраҳо» – маҷмӯаи мақолаҳои солҳои охири муаллиф аст, ки бо усули чеҳранигорӣ офарида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 202 саҳифа
Дар ҳамин асно муаллим Шакурӣ бо сабабе берун баромаданд ва устод Улуғзода зимнан гуфтанд, ки аслан танқиди адабии мо, хусусан танқиди наср, дар ҳамин понздаҳ-бист соли охир эътибори ҷиддӣ пайдо кард ва дар ин роҳ асару мақолаҳои Муҳаммадҷон нақши бисёр калон бозид.
Мо, як гурӯҳ мунаққидони нисбатан ҷавон, ки баъзеҳо бо истеҳзо «мунаққидони мактаби Шакурӣ» меномандамон, ин ҳақиқатро медонистем. Вале аз забони як нафар нависандаи забардаст, ки нависандаи олим буду худ мактаби танқид ва адабиёшиносиро низ гузаштааст, шунидани ин суханон дар ҳаққи муаллим бароямон ниҳоят муҳим буд.
Фаъолияти мунаққидии М.Шакурӣ дар як вақт бо фаъолияти адабиётшиносии ӯ оғоз шуда, бинобар ҳамин осори адабиётшиносиаш аз фикрҳои интиқодии оид ба ҷараёни кунунии адабиёт саршор ва баръакс, мақолаву тақризҳои танқидияш аз асоси адабиётшиносиву илмӣ бархурдор буд. Ӯ аз аввалин мақолаҳояш анъанаҳои адабиро пайваста бо мазмуну моҳияти онҳо дар ҷараёни адабии кунунӣ ва падидаву фактҳои адабиёти кунуниро дар алоқамандӣ бо заминаву сарчашмаҳои китобӣ ва шифоҳии онҳо дар гузашта ба муоина гирифта, ҳамеша кӯшиш мекард, ки риштаҳои пайванди ҷараёни адабии имрӯзаро бо мероси гузашта ва фолклор аён созад. Дар айни замон аз ибтидои фаъолияти мунаққидиаш М.Шакурӣ ба ҳодисаҳои умдаи ҷараёни адабӣ, ба эҷодиёти адибоне, ки самтҳои инкишофи адабиёт вобастаи кори онҳост, бештар диққат ҷалб намудааст. Мақолаи муфассали «Халқият ва маҳорат»
(1960), ки дар он ҷанбаҳои халқияту ҳизбияти эҷодиёти устод Турсунзода ва пасту баланди маҳорати ӯ бо ҷиддияти тамом баррасӣ шуда буд, рисолаҳои «Раҳим Ҷалил» (1959, бо А. Сайфуллоев), «Сотим Улуғзода» (1961), «Насри Ҷалол Икромӣ» (1979, бо Л.Демидчик ва Ҷ.Бақозода), инчунин мақолаҳои «Дили меҳрпарвар ва ситезаандеш» (1975) ва «Роздони олами дили ҳамзамонон» (ҳар ду оид ба Ф.Муҳаммадиев) – ҳар яке дар навъи худ чеҳраҳои адабиву эҷодии адибони пешоҳанги мо буда, ба тавассути таҳлили эҷодиёти онҳо паҳлуҳои гуногуни ҷараёни адабии муосир баррасӣ шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё