МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Андеша ва хулосаҳои муаллиф дар заминаи асноди арзишманди таърихӣ ва таҳлили муқоисавии таҳқиқоти олимони шинохтаи ватаниву хориҷӣ пешакаши хонандагон мегардад. Натиҷаи то кунун ба даст овардаи илми таърихшиносиро нуктасанҷона ба риштаи таҳлил кашида, масоили ҳалталаб ва ё мавриди баҳс қарор доштаро, ки омўзишу ҳалли он вазифаи аввалдараҷаи пажуҳишгарони муосир мебошад, пеш мегузорад. Аз ҷумла, ба масъалаи фарҳанги давлатдории тоҷикон таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамояд, ки «оини давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борҳо аз сар гузаронида, аз думболи ҳар шикасту инқирози чашмрас боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст». Аммо, муаллиф ба он розӣ нест, ки баъзе аз олимону муаррихон «умри давлатдории тоҷиконро аз давраи Сомониён оғоз намуда, чандин силсилаи муқаддами давлатдории ниёгони моро аз мадди назар дур меафкананд». Ҳамчунон масъалаи этногенези халқи тоҷикро яке аз масъалаҳои муҳим, вале печидаву мураккаби таърихӣ ҳисобида, омўзиши онро ҳаматарафа ва бо хулосаи амиқ аз мутахассисони соҳа талаб менамояд. Ақидаҳо ва навиштаҳои пажуҳандагон оид ба маънои этноними «тоҷик» ва пайдоишу паҳншавии он, хулосаву натиҷагириҳо атрофи он низ аз мадди назари Сарвари давлат дур намондааст. Ҳарчанд дар ин самт тадқиқотҳои чашмрас ва хулосаҳои зиёди илмӣ ҷой дошта бошанд ҳам, аммо дастовардҳо ва натиҷаҳои охирини илмҳои ҷомеашиносӣ, бавижа таърих, лингвистика, бостоншиносӣ, таърихи тамаддунҳои бостонӣ ва амсоли инҳо таҳқиқи амиқи масъаларо аз диди нав тақозо менамоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё