МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Чунин тарзи масъалагузорӣ ва натиҷагирии амиқ аз масоили норўшану баҳсталаб ё нодида гирифтану хўрдагирии баъзе аз муҳаққиқон ба таърихи халқи тоҷик дар дигар бобҳои китоби дувум низ ҷой дорад. Масалан, бо як иродатмандӣ ва ифтихори баланд муборизаи ниёгонбохтариёну суғдиён, қаҳрамонии Спитамен ва ёронаш муқобили истилогарони юнониву мақдунӣ, таъсирпазирии фарҳанги пешрафтаи маҳаллӣ ба фарҳанги юнонӣ ва эллинӣ, нақши гузаштагон дар рушду такомули давлати Селевкиёнро тасвир намуда, Сарвари давлат ақидаи ғалати баъзе аз муаррихон оид ба истилои юнониҳо ва ташкили давлатҳои эллиниро барои халқҳои Шарқ ҳамчун як пешрафт ва дастоварди бузурги фарҳангӣ қаламдод менамоянд, бепоя ва аз назари илмӣ беасос маънидод намудааст. Академик Б.Ғафуров низ оид ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, таъкид менамояд, ки аксарияти олимони хориҷӣ нисбат ба таъсири фарҳанги юнонӣ ба фарҳанги мардуми Шарқ ҳарф зада, аз дастовардҳои беназири фарҳангии мардуми маҳаллӣ чашм мепўшанд. Ҳол он ки «дар маданияти ба истилоҳ эллинӣ на ин ки эҷодиёти мадании «соф» юнонӣ, балки омезиши махсуси маданияти юнонӣ ва шарқӣ инъикоси худро пайдо намудааст ва дар бобати инкишофи ин маданият нақши бузургеро халқҳои Осиёи Миёна бозӣ кардаанд».
Вобаста ба ин Сарвари давлат пешниҳод менамояд, ки давлати Юнону Бохтар, ки «дар силсилаи давлатдории аҷдодии тоҷикон як давраи навбатии истиқлолият ва рушду нумўи тамаддуни муштараки эллинию ориёӣ буд», давлати юнониасоси Бохтар номида шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё