МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
БОБИ 3. НАЗАРИ АКАДЕМИК Б. ҒАФУРОВ
ДОИР БА МАСЪАЛАИ ИСТИЛОИ МУҒУЛ
ВА МАФҲУМИ «ДЕҲҚОН»
3.1. Академик Б. Ғ. Ғафуров ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асари «Чеҳраҳои монадагор»-и худ менависанд:
«Дар ташаккули ҳар як халқу миллат бузургоне ҳастанд, ки номи онҳо дар ҳеҷ давру замон аз хотираи мардум фаромўш намешавад» [15, 328]. Яке аз чунин чеҳраҳои мондагор фарзанди фарзонаи миллат, Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафурович Ғафуров мебошад, ки ҳамчун ходими барҷастаи сиёсиву давлатӣ ва роҳбари аввал дар рушду пешрафти ҷумҳурӣ ҳамчун олим ва муҳаққиқ дар омўзишу тадқиқи таърихи халқи тоҷик ва ташаккули мактаби илмии таърихшиносии миллат нақши бориз гузоштааст.
Имрўз дар бузургдошти ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушду нумўи илми тоҷик, агар мо ба роҳи тайкардаи илми таърихшиносии миллӣ назар андозем дар саргаҳи он устод Садриддин Айнӣ, академик Бобоҷон Ғафуров ва як гурўҳ шарқшиносони шинохтаро мебинем. Агар устод С.Айнӣ бо усули тадқиқ ва назару пажуҳишҳои таърихии худ дар таҳкими донишҳои таърихӣ ба илм мусоидат карда бошад, академик Б. Ғафуров бо пажуҳиш ва ҳунари волои роҳбарию ташкилотчигии худ дар саргаҳи ташаккули мактаби илмии таърихшиносии тоҷик меистад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё