Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Барои исботи фикрҳои хеш далелу сарчашмаҳои зиёдеро пеш оварда, қайд менамояд, ки дар вилояти Бухоро ҳанўз дар асри XI аз хишти пухта иморати боҳашамати Работи Малик сохта шуда буд [7,198-199]. Ҳарчанд баъдан академик А. А. Семёнов мушаххас намуд, ки маълумоти сарчашмаҳо оид ба ин сохтмони боҳашамат ба Работи Малик алоқае надоранд [27, 21-27].
Сохтмони муассисаҳои диннӣ, ба вижа хонақоҳ ва работ (корвонсарой) аз вазъи сиёсии ҷомеа, пойдорӣ ва мустаҳкамии ҳокимияти хонадонҳои ҳукмрон, муносибати эшон ба илму фарҳанг вобастагии зиёд дорад. Барои ҳамин шумораи чунин муассисаҳо дар давраи давлатдории Сомониён ниҳоят зиёд буд, зеро муддати қариб як аср Мовароуннаҳру Хуросон дар ҳолати оромии сиёсӣ буданд. Ҳамчунон хонадони Сомониён низ барои пешрафти илму фарҳанг корҳои зиёдеро ба анҷом расониданд. Аз тарафи дигар хонадонҳои эронии ба сари қудрат омада, ба вижа Тоҳириёну Сомониён тавонистанд фарҳанг, расму русуми маҳаллиро аз нав эҳё намоянд. Ричард Фрай қайд менамояд, ки бо шарофати хонадони Сомониён «Ҷомеаи кўҳна мавҷудияти хешро идома медод, вале бо хилъати мусулмонӣ» [29,264].
Академик В. Бартолд оид ба инкишофи минбаъдаи мактабу мадрасаҳо низ диққати махсус додааст. Олим то ҷое маъхазҳо имкон додаанд мадрасаҳои алоҳида, таърихи пайдоиш ва сохтмони онҳо, санъати меъмории биноҳои мадрасаҳоро мавриди омўзиш қарор додааст. Аз пажуҳиши олим бармеояд, ки фарҳанги волои мардуми Мовароуннаҳру Хуросон дар тўли таърих борҳо аҷнабиёни омадаро тасхиру тобеъ намудааст.

пешина
аз 142
навбатӣ