МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Барои субути андешаҳои худ ў шаҳри Балхро чун мисол оварда, менависад, ки баъди аз нав барқарор гаштани ин шаҳр ҳокими араб шаҳри арабии Боруконро нест намуда, ҳама аҳолии онро ба Балх овард. Ин яке аз ҳодисаҳои нодир дар таърихи ислом аст, ки ғосибон ба хотири эҳёи шаҳри тоисломии Балх шаҳри худро қурбон намуданд [12,367].
Хулоса, аз рўи таҳлилу таҳқиқи таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва динию мазҳабӣ, мулоҳизаву хулосаҳои илмии академик В.В. Бартолд то ба имрўз моҳияти илмии худро нигоҳ доштаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё