МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Бартолд таъкид менамояд, ки ҳанўз дар асри VIII олими машҳури марвазӣ Абдуллоҳ бини Муборак, ки дар фанни ҳадис ва фиқҳ уламои давр буд, дар Марв барои ҳарду шохаи улуми исломӣ работи алоҳида бунёд намудааст [2, 204]. В. Бартолд гурўҳи сеюми работҳоро низ ҷудо менамояд, ки онҳо асосан ба расму оини томусулмонӣ пайваст мебошанд ва номгўи бисёри онҳо ҳатто дар Қуръон оварда шудаанд [2,204].
Яке аз шаҳрҳои калонтарини онвақта, ки работи зиёд дошт, шаҳри Исфиҷоб буд. Дар ин шаҳр аз рўи маълумотҳои Мақдисӣ қариб 1700 работ (корвонсарой) мавҷуд буд [1,233]. Бештари работҳо ба номи шаҳрвандони шаҳрҳои калон ба монанди работи нахшабиён, самарқандиҳо, бухороиҳо номгузорӣ мешуданд. Ин тарзи номгузорӣ ба работҳо то солҳои наздик, масалан дар Самарқанд истифода мешуд.
Корвонсаройҳо (работҳо) ғайр аз марзи давлатҳо ва шаҳрҳои калон дар роҳҳои корвонгузар ва тиҷоратӣ низ сохта мешуданд [6,262]. В. Бартолд дар яке аз маърўзаҳои хеш, ки ба тасвири роҳҳои корвонгузари байни Бистом ва Урганҷ бахшида шудааст, қайд менамояд, ки дар охири ҳар як фосилаи роҳи тиҷоратӣ работ- корвонсаройҳо мавҷуд буданд [6,262-263]. Ба масаъалаи роҳҳои тиҷоратӣ ва корвонсаройҳо академик В. Бартолд дар асари бунёдии хеш «Туркистон дар давраи ҳуҷуми муғулҳо» низ бештар диққат додааст. Дар тақриз ба китоби «Қарорҳои ҷаласа ва гузоришҳои аъзоёни Маҳфили туркистонии дўстдорони бостоншиносӣ», ки соли 1910 нашр шуда буд, маърўзаи А.Д. Қалмиковро оид ба сохтмони муассисаҳои динӣ, ба вижа масҷид, мадраса ва мақбара мавриди омўзиш қарор дода, андешаи муаллифро оид ба он ки то давраи Темурланг дар мулкҳои паси Амударё хишти пухтаро истифода намекарданд, муқобил мебарояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё