МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аз ҷумла, Арслонхони қарахониро, ки дар Балх фавтида буд ба Марв бурда, дар мадрасаи сохтааш дафн карданд [1,382-384].
Хонақо аз аввал то охир макони зоҳидони исломӣ, шайхҳои калон, сардорони маъруфи мусулмонӣ маҳсуб меёфт. Дар ин муассиса суҳбатҳои илмӣ, баҳсу ривоятҳо аз таърихи равияҳо, мақсад ва мароми онҳо, тарҷумаи ҳоли шайхону сўфиёни калон ба миён меомад. Умуман, хонақо ҳамчун муассисаи динӣ, фарҳангӣ, ба сифати макон ва бошишгоҳи дарвешон хизмат менамуд ва дар тарғибу паҳншавии аҳкоми дини ислом, мақоми калон дошт. Пажуҳишгари ҷараёни сўфия Ҷ. С. Трилингем менависад, ки «Хонақо, ки дар он таълим дода намешуд, бошишгоҳи шакли форсӣ буда, ба шаҳрҳои олами араб оварда шуд ва сардори он аз тарафи ҳокимон таъйин мегардид» [28,29].
Академик В.В. Бартолд оид ба муассисаи дигари динию фарҳангӣ – корвонсаройҳо низ маълумоти муҳим додааст.
Зикр бояд кард, ки корвонсарой бо номҳои хон ва работ низ оварда мешавад. В. В. Бартолд дар мақолаи «Оид ба таърихи обёрии Туркистон» менависад, ки калимаи рабадро бо калимаи работ омехта намудан мумкин нест.
Академик доир ба работ маълумот дода, қайд менамояд, ки ҳарчанд дар аввал работҳо иншооти мудофиавӣ буданд ва дар марзҳо бунёд мешуданд, тадриҷан вазифаи мудофиавии худро аз даст медиҳанд ва дар Осиёи Миёнаю Эрон ба макони зисти ғозиёну қориҳо табдил меёбанд.
Вале работҳое низ буданд, ки аз аввал бо мақсади иҷрои ягон маросими динӣ ва ё таҳсил бунёд мешуданд. Барои тақвият В.В.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё