МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар қатори дигар муассисаҳо номбар шудани хонақоҳ бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки ин муассиса аз аввал дар назди мазору парастишгоҳҳо сохта мешудааст. Пажуҳишҳои баъдина низ ин ақидаро тақвият медиҳанд.
Бояд тазаккур дод, ки дар маҳалҳои кўҳистони Тоҷикистон, ба вижа болооби Зарафшон дар назди аксариати қабристонҳо хонақоҳҳо вуҷуд доранд ва ҳарчанд онҳо имрўз мавриди истифода қарор надошта бошанд ҳам, биноҳои баъзе аз онҳо то кунун маҳфуз мондаанд.
Академик В. В. Бартолд ҳарчанд доир ба вазифаи хонақо ва бошандагони он маълумоти пурра надода бошад ҳам, ҳангоми тасвири хонақои Туманоғо сари ин масъала андеша ронда, ба фикри А.И. Веселовский ва В.Л. Вяткин оид ба он, ки хонақо дар ин давра аллакай аз ҷиҳати моҳият вазифаҳои аввалаи худро гум кардааст, мухолиф мебарояд. В.Л.Вяткин менависад, ки дар ибтидо хонақо ҳамчун дайр истифода мешуд ва дар аҳди Темуру темуриён он барои намозгузорӣ табдил ёфта буд. В. Бартолд ин андешаро ба куллӣ рад намуда, менависад, ки дар асри XV низ хонақо чун пештара паноҳгоҳи суфиён (дарвешон) буд [4,433].
В. В. Бартолд дар хонақо дафн намудани созандагони он, шайхон ва уламои машҳурро рад накардааст. Ў ба маълумоти В. Л. Вяткин такя намуда, қайд мекунад, ки мазори Хоҷа Абдударуна дар наздикии Самарқанд, мазори Нуриддини Босира (қутби чаҳордаҳум) ҳама дар аввал хонақо буданд. Донишманди фақид дар рисолаи «Туркистон дар давраи ҳуҷуми муғулҳо» қайд менамояд, ки на танҳо дар хонақо, баъзан ҳатто шайхон ва бунёдгузорони мадрасаҳоро низ дар мадориси сохтаи эшон дафн менамуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё