МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Аммо, муҳаққиқ ҳикояи Абдураҳмони Ҷомиро нисбат ба имом Ғаззолӣ асос намуда, таъкид месозад, ки хонақо ва мадраса аз ҳам фарқи ҷиддӣ доранд ва дар алоҳидагӣ сохта мешуданд [4,430].
Шояд ин махлутшавӣ аз он реша гирифта бошад, ки бисёр вақт мадрасаю хонақо дар шафати ҳамдигар сохта мешуданд. Ин ду муассиса бештар дар назди мазорҳо, ибодатгоҳҳо, умуман маконҳои парастишӣ бино меёфтанд.
Масалан, Низомулмулк мадрасаи худро дар назди Мазори Имом Абўҳанифа бунёд намуда буд. Дар Самарқанд бошад дар назди мазори бародари паёмбар Қусам ибни Аббос – машҳур бо номи Шоҳизинда ҳанўз дар асри XII мадраса ва аз рўи шаҳодати ибни Баттута хонақо ҳам вуҷуд доштааст [4,432]. В. Бартолд ба «Асрор ат-тавҳид»-и Ибни ал-Мунаввар такя намуда менависад, ки дар назди шаҳри Нисо қабристоне буд, ки он мазори шайхон ва одамони бузург буд ва дар ҳамин қабристон хонақои Соравӣ вуҷуд дошт [5,128-129].
Дар тақризи худ ба асари Е. Блоше, ки ба Рашидаддин ва асари ў «Ҷомеъ-ат-таворих» бахшида шудааст, менависад, ки Ғазонхон дар ғарбии шаҳри Табрез барои худ мақбара бунёд мекунад ва баъдан дар атрофи он иншооти зиёде, аз ҷумла, масҷиди ҷомеъ, хонақоҳ барои дарвешон, ду мадраса - яке барои пайравони мазҳаби ҳанафӣ ва дигаре барои пайравони мазҳаби шофеӣ, беморхона, китобхона, расадхона ва дар назди он мактаби таълими фанҳои дунявӣ (ҳукмият) бо мударрисону муаллимон, бойгонии қонунҳо (байт ал-қонун), паноҳгоҳ барои сайидҳо, ҳавзи об, ҳаммом, мактаб барои бачаҳои бепарастор баҳри азхудкунии Қуръон бо панҷ муаллиму панҷ назоратчӣ ва панҷ хизматгорзан ва дигар муассисаҳо тадриҷан бунёд ёфтанд [13,294-295].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё