МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ба сифати намуна метавон аз «Маркази пажуҳиши тамаддуни давраи Сомониён», кидар назди Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ташкил ёфта, чопи як силсила асарҳову донишномаҳо амсоли «Тоҷнома
– Силсилаи Тоҷикон дар массири тамаддун»-и назди Китобхонаи миллии Тоҷикистон, ки бо таҳия, бозгардонӣ ва чопи маъхазҳои муътамади хаттӣ дар ин самт шарафёб шудаанд, ёдовар шуд.
Новобаста аз дастовардҳои назарраси таърихшиносии миллӣ ва ҷаҳонӣ дар таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, ҳоло ҳам теъдоди мавзуъ ва масоили ниёз ба таҳқиқу омўзиш дошта хеле зиёд аст. Имрўз зарур аст, ки ба таҳқиқу омўзиши ҳамаҷонибаи таърихи миллату кишвар боз бештар талош намуда, холигиҳо ва саҳифаҳои норавшани таърихи миллат, оини давлатдорӣ ва соҳибдавлатии тоҷикон мавриди пажўҳиши ҳаматарафа қарор гирад ва таҳқиқи нақши тоҷикон дар рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон боз ҳам вусъат пайдо намояд.Омўзиши ҳавзаҳои фарҳангии тоҷикони берун аз минтақа, гирдоварӣ ва табъу нашри манобеи фаровони таърихӣ амсоли осори хаттии гузаштагон, маъхазҳои хаттии чинӣ, арманӣ, тибеттӣ, арабӣ, манобеи бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ, таъсири фарҳангу тамаддуни тоҷикон ба дигар сокинони минтақа ба шакли густурда ба роҳ монда шаванд.
Таҳқиқ ва инъикоси таърихи замони Истиқлолият, муаррифии дастовардҳои беназир дар кўтоҳтарин марҳалаи таърихӣ, пеш аз ҳама таҷрибаи таърихии сулҳи тоҷикон, ҳадафҳои миллӣ ва стратегии ҷумҳурии мустақил ва роҳу воситаи татбиқи он, мақоми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои сиёсии ҷаҳон ва минтақа, яке аз вазифаҳои муҳимми дигари таърихшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё