МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ҳамчунин дар замони Истиқлолият даҳҳо монография, садҳо таҳқиқоту мақолоти илмӣ доир ба самтҳои мухталифи таъриху фарҳанг, археологияю этнология ва дигар шохаҳои таърихи халқи тоҷик ба чоп расиданд. Намунаи чашмраси он нашри таҳқиқоти бунёдии «Этногенез ва таърихи этникии халқи тоҷик» (ба ду забон тоҷикӣ ва русӣ) [7] мебошад. Бори аввал этногенез ва раванди этникии ташаккули халқи тоҷик дар маҷмуъ мавриди таҳқиқи алоҳида ва мукаммал қарор гирифт. Дар баробари он самти наве, ки дар илми таърихшиносии ҷумҳурӣ рушд кард, ин рў овардани муҳаққиқон ба таърихи минтақава маҳалҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ, яъне рушди кишваршиносӣ, таҳия ва чопи донишномаву асарҳои зиёди тарғиботии таърихӣ мебошад. Ҳарчанд ҳамаи ин китобҳо хусусияти илмӣ-таҳқиқотӣ ва бунёдиро соҳиб нестанд, вале мусаллам аст, ки онҳо дар роҳи тарғибу муаррифии таърихи кишвар ва миллат нақши муассирро соҳибанд.
Падидаи нав, ки дар замони Истиқлолият вусъати комил пайдо намуд, ин таҷлили санаҳои муҳимми таърихӣ, баргузории ҷашни чеҳраҳои мондагори миллат ва шаҳрҳои бостонию ёдгориҳои нодири таърихӣ мебошанд. Дар ин раванд метавон аз ҷашнҳои пуршукўҳи 1100-солагии Давлати Сомониён, 2700-солагии Авасто, Соли тамаддуни ориёӣ эълон шудани соли 2006, 2500-солагии Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кўлоб, Соли бузургдошти Имоми Аъзам, 3000-солагии Ҳисор, 5500-солагии шаҳри Саразми бостонӣ, ки ҳар яке бо як шукўҳу шаҳомати хосса доир гашт, дар худшиносии милливу таърихии ҷомеаи кишвар нақши мондагору муассире гузоштанд. Ба ифтихори таҷлили ин ҷашнҳову санаҳои таърихӣ баробари корҳои ободиву созандагӣ, марказҳои нави илмӣ-таҳқиқотӣ, рисолаву асарҳои зиёди илмӣ, албому мусаввараҳои гуногун, мақолот ва филмномаҳо, барномаву гузоришҳои телевизионӣ, радио ва интернетӣ ба тасвиб расиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё