МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Пешгузории чунин масъалаҳои муҳим ва муайян намудани самтҳои афзалиятноки раванди таҳқиқу омўзиши таърихи халқи тоҷик ба рушди таърихшиносии миллӣ, ба вижа сифати пажуҳиш, фарогирии мавзуъҳо ва марҳалаҳои таърихӣ нақши муфиду созанда гузошт. Муваффақтарин қадам дар ин самт вусъати таваҷҷуҳи ҷомеа, аз кўчактарин то бузургтарин сокини ҷумҳурӣ ба таъриху гузаштаи пурифтихори халқу миллат, таҳқиқу омўзиши таърих аз тарафи марказҳои калони илмии ватанию хориҷӣ ва олимони алоҳида маҳсуб меёбанд.
Дар ин замина метавон номгўи зиёди таълифоту таҳқиқоти бунёдӣ ва чеҳраҳои дар ин самт муваффақро номбар намуд. Яке аз дастовардҳои илми таърихшиносии миллӣ ва нигоҳи нав ба таърихи халқи тоҷик ин нашри асари бунёдии шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» [2] маҳсуб меёбад. Асари мазкур бо кўшиш ва сайъи олимони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар давоми солҳои 1998-2013 ба нашр расид. Рушди илми таърихшиносӣ, ба миён омадани таҳқиқоту таълифоти зиёд доир ба таърихи ҳалқи тоҷик, махсусан кашфиётҳои ниҳоят ҷолиби бостоншиносӣ, мардумшиносӣ, инчунин дастраси муҳаққиқон гардидани манобеи фаровони дасти аввал, маъхазҳо, ҳуҷҷатҳои бойгонӣ тақозои чопи чунин асари ҷамъбастиро ба миён овард. Чопи ин таҳқиқоти бунёдӣ, ки бо истифода аз навтарин натиҷаҳои илми тоҷикшиносии ватанию хориҷӣ таълиф ёфтааст, яке аз муваффақиятҳо ва дастоварди мактаби таърихшиносии миллии тоҷик маҳсуб меёбад. Таърихи ҷомеъи халқи тоҷик бори аввал дар заминаи даврабандии нав ва дар меҳвари пажуҳиш гузоштани таърихи тоҷикон таълиф шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё