Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар аксари давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла, Тоҷикистон неруи бузурги созандаи таърих ва мактаби бузурги таҷрибаи таърихӣ ба мақсадҳои неку бунёдкунанда, таъмини ваҳдату ягонагӣ, ба роҳ мондани муносибату робитаҳои дўстонаву ҳамзистии осоишта бо ҳамсоягон ва соири кишварҳои ҷаҳон мавриди истифода қарор гирифт. Мутаассифона, давлатҳо, кишварҳо ва афроде низ буданд, ки барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва истеҳкоми ҳокимияти худ даст ба таълифи ғаразмандонаи саҳифаҳои таърих заданд. «Дар таърихи пурмоҷарои асри XX ва алалхусус даҳсолаи охири он, - менависанд Пешвои миллат,- ки на танҳо марзбандии кишварҳову ҳавзаҳои геополитикӣ оҳанги нав мегиранд, балки ҳудуди тамаддунҳои собиқаву ҷадид аз нав марзбандӣ мегарданд ва миллатҳои сағиру кабир доираи фарҳангу тамаддуни хешро аз ҳисоби ғасби тамаддунҳои бегона вусъат мебахшанд» [6, 5].
Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳам бархе аз «пажуҳишгарони нав» кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки нақши қавму халқи худро дар ташаккулу рушди тамаддуни минтақа ва ҷаҳон ҳар чӣ бештару муассиртар тасвир намоянд.
Табиист, ки ин роҳ ва бо чунин усул навиштани таърих ва таҳрифи он дар амал маънии инкори арзишҳои таърихию фарҳангии ба даст овардаи дигар халқҳову сокинони минтақа мебошад. Ҳатто кор то ба ҳадде расидааст, ки ба ин кор таърихшиносони касбӣ низ даст доранду ҳамзамон ба он шарикони берунии худро ҳам ҷалб менамоянд.
Таърихсозию таърихбофӣ дар бархе ҳолатҳо ба мароми аслии баъзе аз мактабҳои таърихнигории минтақа табдил ёфтааст.

пешина
аз 142
навбатӣ