МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Миллате, ки забон, тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, расму оин ва арзишҳои фарҳангиашро қадр намекунад, пояҳои истиқлолияташро низ чандон дер пуштибонӣ карда наметавонад» [6, 11] ва инчунин, «миллате, ки хотираи таърихӣ ва ҳувияти миллиашро пос намедорад, хоҳу нохоҳ гирифтори сарнавишти талху фоҷиабор» [6, 11] мегардад.
Аз ин рў, бохабар будан аз таърихи гузаштаи худ, баҳра бардоштан аз сабақҳои таърих, арҷгузорӣ ба қаҳрамонон ва чеҳраҳои мондагори таъриху фарҳанги миллат яке аз омилҳои асосии таҳким ва ҳифзи истиқлолияти давлатӣ мебошад. Воқеан илми таърих дар миёни илмҳои ҷомеашиносӣ мақоми махсусеро соҳиб аст ва ё ба гуфтаи муҳаққиқон ҳеҷ қавме ё миллате бидуни бархурдорӣ аз таҷрибаи пешгузаштагони хеш, бе худҷўиҳои таърихиву миллӣ наметавонад ба ҳаёти маънавӣ, ки ҷавҳари ҳастии бани башар аст, оғоз ниҳад [4, 3]. Муаррихи шинохтаи шўравӣ Н.И. Конрад таъкид намуда буд, ки таърих, ҳамчун ҷамъи донишҳо доир ба замони гузашта, муҳимтарин шакли инъикоскунандаи хотираи инсоният аст. Пайдоиши таърих ҳамчун соҳаи хосаи дониш, маҳсули раванди қонунии ҷомеаи инсонист ва аз ибтидо яке аз вазифаҳои аслии он сабақи зиндагист [3, 285]. Ё ба гуфтаи Ибни Халдун «фанни таърихро равишест, ки ҳар кас бад-он даст наёбад ва онро судҳои фаровон ва ҳадафе шариф аст» ва ҷўяндаи он бояд «ҳаводиси ниҳонро бо вақоеи пайдо ва акнунро бо рафта бисанҷад» [1, 104].
Пас аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ ва таъсиси ҷумҳуриҳои мустақил дар фазои пасошўравӣ илми таърих ва истифода аз таҷрибаи таърихӣ яке аз воситаҳои муҳимми ба даст овардани ҳадафҳои сиёсӣ дар эъмори давлатҳои соҳибистиқлол гардид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё