МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ёдгории Каронро низ бостоншиносони ҷумҳурӣ дар замони Истиқлолият кашф намуда, барои таҳқиқу омўзиши пайвастаи он шуруъ намуданд. Ба андешаи бостоншиносон ин шаҳр тақрибан таърихи 4000 сола дошта, мансуб ба тамаддуни ориёии бостонӣ будааст. Маъбадҳое, ки дар натиҷаи ҳафриёти бостоншиносӣ пайдо шудаанд, ба пайравони оини зардуштӣ будани сокинони он ишора мекунанд. Аз ин мавзеъ осори зиёди давраи қадима, аз ҷумла, маъбади панҷманори оташ, маъбади об, ду маъбади бод, осиёби бодӣ, лавҳи китоби «Авасто», майдони калони чавгонбозӣ, маҷлисгоҳ ва биноҳои маъмурию истиқоматӣ бозёфт шуданд.
Ҳангоми суханронии хеш дар ҳузури фаъолону сокинони ноҳия Пешвои миллат изҳор намуданд, ки «бо корҳои анҷомдодаи бостоншиносони тоҷик дар қалъаи Карон, ки воқеан таърихи хеле куҳан дорад, шинос шудем.
Тибқи сарчашмаҳои бостоншиносӣ шаҳри Карон дар қаламрави Мовароуннаҳру Хуросон ёдгории камназир ба ҳисоб рафта, бо санъати меъмории махсус дар майдони 32 гектар ҷойгир шудааст. Бинои қалъа аз хишти пухта сохта шуда, лўлаҳои сафолин ва дигар осори аз он кашфшуда шаҳодат медиҳанд, ки аҷдоди мо ҳанўз дар замонҳои қадим, дар ин минтақаи куҳистон, дар баробари дигар пешравиҳо аз корезу гармоба ва дигар шабакаҳои обрасонӣ васеъ истифода мекардаанд». Аммо баробари он, Пешвои миллат изҳори нигаронӣ намуданд, ки барои пурра муайян кардани тамоми паҳлуҳои меъмориву таърихии қалъа ва аризишмандии ин ёдгорӣ бостоншиносон ва дигар мутахассисонро зарур аст, ки корҳои ҳафриётиву омўзиширо боз ҳам вусъат диҳанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё