МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Пешвои муаззами миллат дар баромади худ ба ифтихори 2700-солагии Кўлоб рўзи 10 сентябри соли 2006 доир ба нақши Кўлобшаҳр ва минтақа дар масири таърихи миллат, қаҳрамонию созандагии мардуми ин минтақа, ба вижа шуҷоату мардонагии сокинони он дар мубориза ба муқобили аҷнабиёну бегонагон ба монанди юнону мақдуниҳо, арабҳо, муғулҳо, фишору таъзиқи қабоили кўчии турк, сиёсати золимонаи хонадонҳои туркии ҳукмрони минтақа, бахусус хонадони манғития муфассал сухан гуфта, таъкид намуданд: «Дар замири мардуми мо меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан аз азал ҷой гирифтааст ва тавассути андешаву ғуруру ифтихори миллӣ, тавре ки зикр шуд, на танҳо забону адабиёту фарҳанги хешро густариш доданд, балки бо асолати тамаддунсозиву бунёдкорӣ ҳастии миллат ва нигоҳдории сарзамини аҷдодии худро таъмин карда тавонистанд».
Паҳлўи дигари ҷашнгирии санаҳои таърихӣ ва ё шаҳру ёдгориҳои қадима дар он зоҳир меёбад, ки маҳз тавассути омодагӣ ба баргузории чунин маъракаю чорабиниҳо дар шаҳру мимнтақаҳои кишвар корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо мекунанд. Аз ҷумла, вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузории ҷашни 2700-солагии шаҳри Кўлоб» аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва маблағҳои вазорату идораҳои гуногун ва соҳибкорони алоҳида дар маҷмуъ дар шаҳри Кўлоб зиёда аз 120 иншооти хурду калон бунёд гардиданд.
Моҳи октябри соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ташрифи худ ба ноҳияи Дарвоз аз бозмондаҳои ёдгории нодири ин минтақа – Қалъаи Карон дидан намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё