МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Баробари он Истаравшани таърихӣ намунаи беҳтарини тарзи зиндагии шаҳрнишинӣ, дастоварду арзишҳои фарҳангӣ аз қабили санъати меъморию шаҳрсозӣ, тиҷорат, косибию ҳунармандии гузаштагони мо мебошад. Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ҷашнгирии 2500-солагии Истаравшан ва умуман ба ёд овардани таърихи қадима ба он хотир аст, ки мо мехоҳем таърихи гузаштаи миллат ва давлату давлатдории худро хубтар донем, ба қадри тамаддун ва арзишҳои фарҳангии ниёгон бирасем, забони шевои модарӣ ва мероси оламгири ниёгонро пос дорем, дар зери парчами Тоҷикистони озод истиқлолияту якпорчагии Ватан ва ваҳдати миллиро ҳифз намоем. Аз он ифтихор дошта бошем, ки дар аҳди бостон, ба вижа дар масири Роҳи бузурги абрешим шаҳрҳои тоҷикнишини Бухорову Самарқанд, Хуҷанду Саразм, Устурушану Панҷакент, Леваканду Мунк, Ҳулбуку Тамлиёт, Фархору Андичароғ, Қубодиёну Шаҳритус ва амсоли онҳо ҳамчун бузургтарин марказҳои тиҷоратӣ, илму фарҳанг ва ҳунари воло нақши муассир доштанд.
Яке аз ёдгориҳои нодири таърихии кишвар ин Муғтеппа мебошад, ки дар ҳудуди ноҳияи имрўзаи Истаравшан ҷойгир аст. Ин ноҳия бо ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ва меъмории худ, ки зиёда аз 150 ададро ташкил медиҳанд ва ҳар яки аз онҳо таърихи аз 300 то 1500- сола доранд, мавзеи диққатҷалбкунанда дар хатсайри сайёҳии ҷумҳурӣ мебошанд. Баробари Муғтеппа дар ноҳияи Истаравшан ёдгориҳои дигар ба мисли мақбараҳои Хоҷа Абдураҳмони Авф (асри VIII) ва Хоҷа Абдуқодири Ҷелонӣ (асри XV), Боботағои Валӣ (асри XV), Сари Мазор (асри ХVI), маҷмааи меъмории Ҳазрати Шоҳ (асрҳои ХVII-ХІХ), Чоргумбаз (асри XIX), Савристон мавҷуданд, ки ҳар яки он намунаи беҳтарини муаррификунандаи мероси бузурги таърихии миллати тоҷик ва ҳунари наҷҷорону наққошон, кандакорон ва дигар ҳунармандон шаҳру ноҳия мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё