МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Қадами нахуст дар таҷлили чунин санаҳо ҷашни 2500- солагии шаҳри қадимаи тоҷикон – Истаравшан буд, ки 10 сентябри соли 2002 бо ширкат ва суханронии Пешвои миллат баргузор гардид. Пешвои миллат ҳангоми суханронӣ бо ифтихор таъкид намуданд, ки мардуми тоҷик аз қадим мардуми шаҳрдору шаҳрнишин буда, имрўз сарзамини аҷдодии онҳоро метавон осорхонаи ҷовидонаи шаҳрҳои таърихӣ номид. Ин осорхона барои насли имрўзу фардои кишвар аз Хуҷанди бостонию Искандарияи Ақсо, Истаравшану Курушкадаи овозадор, Саразми бостонию Панҷакенти қадим, Тахти Сангину Кайқубодшоҳ, Шаҳритусу Айваҷи куҳанбунёд, Золи Зару Ҳулбуки бостонӣ ва садҳо шаҳристону куҳандиз, коху кўшкҳои барҳаво, оташкадаву ибодатхонаҳои қадим, корвонсарою растаҳои ҳунармандӣ, яъне аз гузаштаи басо дуру сарнавишти пурифтихори ниёгон, созандагию офарандагии онҳо паём медиҳад. Истаравшан яке аз беҳтарин намунаи ҳунари шаҳрсозию шаҳрдории тоҷикон буда, ҳар порахишту похсадевори осори куҳани он аз тамаддуни қадима, давлату давлатдории куҳанбунёд ва созандагию ободкории миллати сарбаланди тоҷик қисса мекунанд. Мувофиқи маълумоти таърихӣ ҳанўз Куруши Кабир истеҳкоми ҳарбии Курушкадаро дар интиҳои марзҳои шарқии мамлакати паҳновараш бунёд ниҳода буд, ки ба андешаи бостоншиносон он дар ҳудудҳои кунунии Истаравшан ё худ Куркат воқеъ будааст. Сокинони ин шаҳри таърихӣ, ба вижа 18 ҳазор ҳимоятгарони қалъаи Курушкада, ки бо ҳидояти қаҳрамони халқи тоҷик Спитамен ба лашкари истилогари юнону мақдунӣ муқовамати ҷиддӣ намуда, борҳо ба онҳо зафар ёфтаанд, душманро ба ақибнишинӣ маҷбур намуданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё