Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ бори дигар таъкид намуданд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рў овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.
Дар ин росто бо мақсади омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик пешниҳоди Пешвои миллат доир ба чопи «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва аз номи Сарвари давлат ба ҳар як оилаи мамлакат туҳфа шудани он иқдоми наҷибона ва хирадмандона мебошад.
НАСРУЛЛО УБАЙДУЛЛО

пешина
аз 142