МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ў дар ҳама ҳолат ҳангоми пажуҳиши ин ё он масъала ҳадди муайяну заруриро нигоҳ медошт ва пайваста таъкид менамуд, ки «ҳадде ҳаст, ки аз он гузаштани таърихшинос мумкин нест, зеро, агар вай аз ин ҳад гузарад, таърихшинос не, балки қиссапардоз мешавад».
Олими шинохта тавассути асарҳои хеш, махсусан, «Тоҷикон» ба мо ва оламиён саҳифаҳои таърихи бою рангини миллати тамаддунофари тоҷикро бо ҳама бурду бохташ нишон дода, муқаррар намуд, ки ин халқ дорои таърихи зиёда аз шашҳазорсола буда, сокинони аслии Хуросону Варорўд, офарандагони тамаддуни минтақа ва оину сунннатҳои наҷиби то имрўз побарҷои аҷдодӣ мебошад. Тоҷикон дар масири таърих ҳамеша ҳамчун мардуми давлатсозу давлатдор, эҷодкору бунёдкор, тамаддунсозу сулҳофар ва дар баробари ин, муборизи роҳи озодию истиқлолият, ҳомии марзу бум ва суннатҳои аҷдодӣ, забони модарӣ ва фарҳанги ниёкон тасвир ёфтаанд. Аз саҳифаҳои ин асар бар меояд, ки миллати тоҷик ҳамеша аз ҳама гуна гирдобу кўрдуди замона, ки бисёрии он ҷонкоҳу камаршикан буд, на танҳо зиндаву саломат берун омад, балки дар фурсати ками ба даст омада аз нав қомат меафрохт ва эҳё мешуд.
АМИТ «Ховар»: Вазъияти ҷаҳони мутамаддин тақозо мекунад, ки ҳар як шаҳрванди мамлакат бояд аз гузаштаи худ огоҳ бошад. Ба андешаи Шумо дар ҳимояи муқаддасоти милливу давлатӣ ва эҳёи сунннатҳои волои давлатдорию фарҳангӣ мо бояд бештар ба чӣ таваҷҷуҳ намоем?
Насрулло Убайдулло: Имрўз дар шароити соҳибистиқлолӣ, бунёди давлати комилан нави миллӣ, эҳёи сунннатҳои волои давлатдорию фарҳангӣ моро зарур аст мисли академик Бобоҷон Ғафуров ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ, ки тўлӣ асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд, боз бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё