Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Дар ҷумҳурӣ омўзишгоҳҳои педагогӣ, политехникӣ, технологӣ, индустриалӣ, сохтмон, китобхона, молия, тарбияи ҷисмонӣ, тиббӣ, бофандагӣ, савдо, энергетикӣ, оморӣ, мусиқӣ, рассомӣ ва ғайра амал менамуданд, ки дар таъсиси бисёрии онҳо саҳми Б. Ғафуров айён аст. Эҳтиёҷоти ҷумҳуриро ба кадрҳои баландихтисоси омўзгорӣ ба инобат гирифта, Б.Ғафуров дар мактуби худ ба И.В.
Сталин дар бораи дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаи мактабу маориф маълумот дода, хоҳиш менамояд, ки фаъолияти донишкадаҳои муаллимтайёркунӣ ва омўзишгоҳҳои омўзгорӣ тамдид карда шавад [35].
Маҳз бо кўшиш ва дастгирии ҳаматарафаи ин марди фозил шумораи мутахассисони дипломдори тоҷик рўз то рўз меафзуд. Соли 1945 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 5 доктор ва 38 номзади илм буд, соли 1953 дар сохторҳои АИ ҷумҳурӣ ва макотиби олии он 971 нафар ходими илмӣ, аз ҷумла, 30 доктор ва 221 номзади илм машғули фаъолият буданд [36].
Вобаста ба зиёд шудани шумораи мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус миқдори хатмкунандагон низ сол то сол меафзуд. Соли 1940 мактаби олиро 280, соли 1945 – 152, 1950 – 855 ва мактабҳои миёнаи касбиро соли 1950 2607 нафар [37] хатм карда, расман соҳиби маълумоти олӣ гардиданд.

пешина
аз 142
навбатӣ