МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Ш. Раҷабов бармеояд, ки аз рўзи аввал то кушодашавии ин донишгоҳ Б. Ғафуров тамоми раванди бунёди онро зери назорат дошт [31]. Фаъолияти ин донишгоҳ аз рўзи аввали таъсисёбӣ низ доимо дар мади назар Б. Ғафуров буд. Барои таъмин бо мутахассисони зарурӣ, махсусан, профессорону устодони варзида, ҷиҳозонидани синфхонаҳои таълимӣ бо мебелу анвои таълимӣ, таъмини омўзгорон бо манзили зист Б.Ғафуров борҳо ба мақомоту шахсони масъули ҳизбию давлатии Иттиҳоди Шўравӣ шахсан бо мактуб муроҷиат намудааст. Аз ҷумла, дар яке аз мактубҳои худ ба Вазири мактабҳои олии ИҶШС оид ба эҳтиёҷоти Донишгоҳи давлатӣ ба маблағгузории иловагӣ, маводи сохтмон, ашёи таълимӣ, китоб ва манзил барои омўзгорон маълумот дода, хоҳиш намудааст, ки аз ҳисоби буҷаи иттифоқ ин масъалаҳо ҳалли худро пайдо намоянд [32].
Натиҷаи дастгирӣ ва парастории сарвари ҷумҳурӣ буд, ки дар нимсолаи аввали соли таҳсили 1949-1951, дар донишгоҳ 60 нафар профессорону омўзгорон, ки 22 нафарашон дорои унвон ва дараҷаи илмӣ буданд, фаъолият доштанд. Дар ҳамин соли таҳсил ба донишгоҳ 219 донишҷў қабул гардид, ки 53 нафари онҳо тоҷикон буданд [33].
Болоравии иқтисодиёт, инкишофи низоми маълумоти ҳафтсола аз солҳои 60-ум (ҳаштсола) ва миёна барои пешравии маълумоти олӣ, ташкилшавии мактабҳои нави олӣ ва миёнаи махсус мусоидат менамуд. Ин имкон дод, ки соли 1953 Донишкадаи давлатии занонаи педагогии Душанбе, соли 1953 Донишкадаи педагогии Кўлоб, соли 1956 Донишкадаи политехникии Тоҷикистон таъсис ёбанд [34]. Шумораи мактабхои миёнаи махсус ниҳоят афзуда буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё