Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аммо роҳбарияти ҷумҳурӣ ва махсусан Бобоҷон Ғафуров асосан, роҳи аввалро ҷонибдорӣ менамуданд.
Чунин сиёсат на танҳо дар соҳаи мактабу маориф, балки дар дигар соҳаҳои хоҷагии халқ идома дошт, беҳтарин ифодаи он сиёсати муҳоҷиркунӣ ва тайёр намудани мутахассисон мебошад.
Бевосита рў овардани мақомоти давлатию ҳизбӣ ба мактабу маориф, мавриди баррасӣ қарор гирифтани масъалаҳои ҳалталаби ин соҳа аллакай соли 1946 натиҷаи назаррас доданд. Соли 1946 омўзишгоҳи занонаи педагогии Сталинобод ва омўзишгоҳи педагогии Конибодом аз нав барқарор карда шуданд [26].
Соли 1947 Донишкадаи муаллимии Тошканд аз нав барқарор гардида, Омўзишгоҳи рассомии шаҳри Сталинобод аз нав таъсис дода шуд. Умуман, соли 1946 дар ҷумҳурӣ 7 мактаби олӣ, 2 мактаби олии педагогӣ ва 3 мактаби муаллимтайёркунӣ (яктояш занона), донишкадаҳои тиббӣ ва хоҷагии қишлоқ амал мекарданд [7]. Ҳамин тариқ, дар соли 1947 теъдоди мактабҳои олии то давраи ҷангӣ пурра барқарор карда шуд. Аз ҷумла, Донишкадаи муаллимии Кўлоб, ки солҳои ҷанг баста шуда буд, дар соли таҳсили 1945-1946 аз нав барқарор карда шуд [28].
Соли 1947 Донишкадаи тоҷикии муаллимии Самарқанд низ ба фаъолият оғоз намуд [29]. Соли 1948 дар ҷумҳурӣ 6 мактаби олии педагогӣ фаъолият дошт, ки дар онҳо 1752 донишҷў машғули тадрис буд [30].
Аммо калонтарин дастовард ва нодираи фаромўшнашавандаи таърихӣ дар ҷумҳурӣ, бо ташаббуси бевоситаи Б. Ғафуров кушода шудани Донишгоҳи давлатии (феълан миллии) Тоҷикистон мебошад. Аз ёддошти нахустин ректори он З.

пешина
аз 142
навбатӣ