МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Дар баъзе минтақаҳои ҷумҳурӣ ниёз ба омўзгорони маълумотдор ниҳоят зиёд буд. Соли таҳсили 1946-1947 дар ВМБК аз 1124 омўзгор танҳо 1 нафар маълумоти олӣ, 18 нафар бо маълумоти нопурраи олӣ, 685 нафар дорои маълумоти миёна ва 420 нафар бо маълумоти миёнаи нопурра буданд [23].
Дар вилояти Кўлоб низ воқеиятҳои чунин буд, аз 2248 омўзгор танҳо 46 нафар маълумоти олӣ, 296 нафар маълумоти нопурраи олӣ, 1137 нафар маълумоти миёна ва 169 нафар маълумоти нопурраи миёна доштанд [24].
Масъалаи тайёр намудани мутахассисон, бахусус омўзгорон муттасил дар мақоми аввал гузошта мешуд ва барои ҳалли он тамоми шароиту имконоти зарурӣ истифода мегардид. Талаботи ҷумҳурӣ ба мутахассисони соҳибмаълумот дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ ниҳоят бузург аст, - гуфта буд Б. Ғафуров дар ҳисоботи соли 1947-и КМ ҲК Тоҷикистон. Соли 1947 ҷумҳурӣ ба 6574 мутахассис ниёз дошт, ки аз ҷумла, 974 духтур, 1885 корманди миёнаи тиббӣ, 862 мутахассиси соҳаи хоҷагии қишлоқ, 492 муҳандису корманди техникӣ, 102 нафар профессор, номзади илм ва дотсентҳо намерасиданд [25].
Аз ин лиҳоз, таҳти роҳбарии Бобоҷон Ғафуров мақомоти ҳизбию давлатӣ барои қонеъ гардонидани талаботи ҷумҳурӣ бо мутахассисон, чораҳои мушаххас меандешиданд. Асосан, ду роҳи ҳалли ин масъала мавҷуд буд:
аввалан, ҳар чи бештар ва хубтар тайёр намудани мутахассисон дар дохили ҷумҳурӣ бо роҳи ташкил намудани мактабҳои нави олӣ ва миёнаи махсус, истифодаи беҳтари мактабҳои олии мавҷуда, фиристодани ҷавонон барои таҳсил ба мактабҳои олии марказ ва роҳи дуюми ҳалли ин масъала, даъват намудани мутахассисони зарурӣ аз берун, махсусан, аз ҷумҳуриҳои Руссия, Украина ва Белоруссия буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё