МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Бояд тазаккур дод, ки Б. Ғафуров ҳамаҷониба масъалаҳои мактабу маорифро ба муҳокимаи умум кашида, зери назорати ҷиддӣ гирифта буд. Баробари зиёд намудани шумораи мактабҳо, иҷрои қонун дар бораи таҳсилоти умумӣ, баланд бардоштани сифати таълим, сохтмони мактабҳои нав, таъмин бо китобҳои дарсию омўзгорони маълумотдор, фарогирии ҳама кўдакони синну соли мактабӣ ба таълим ва бисёр дигар масъалаҳо низ дар зери назорати ҷиддии ў буд. Дар ҳисоботи соли 1947 қайд менамояд, ки қисми зиёди шахсони роҳбарикунандаи ҷумҳурӣ дорои маълумоти пасти сиёсию таълимӣ мебошанд.
Аз ҷумла, 28,3 % котибони кумитаҳои ноҳиявӣ ва 54,1% раисони кумитаҳои иҷроияи ноҳияҳо соҳиби маълумоти ибтидоӣ мебошанд[21].
Омўзиши ҳуҷҷатҳои бойгонӣ нишон медиҳад, ки Б.
Ғафуров ҳамчун роҳбар ва сиёсатмадор бештар решаҳои асосии масъаларо ҷустуҷў намуда, сипас роҳи ҳалли онҳоро пеш мегузошт. Масалан, дар ҳисоботи соли 1947 паст будани сифати корҳои таълимию тарбиявиро ба таҳлил кашида, қайд менамояд, ки монеаи асосии беҳтаршавии сифати таълим ва умуман кори мактаб ниҳоят паст будани сифати тайёр намудани омўзгорони мактабҳо мебошад.
Аз нисф зиёди омўзгорони мактабҳо дорои маълумоти зарурии педагогӣ нестанд. Масалан, аз 13276 омўзгор танҳо 508 нафараш (3,8%) дорои маълумоти олӣ, 1129 нафар (8,5%) соҳиби маълумоти олии нопурра, 5997 нафар (45,2%) бо маълумоти миёна ва 5642 нафар (42,5%) дорои маълумоти нопурраи миёна буданд [22].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё