МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Тибқи маълумоти мавҷуда, соли 1940 дар мактабҳои маҳви бесаводӣ 49,7 ҳазор, соли 1949 – 9,1 ҳазор ва соли 1950 – 4,1 ҳазор нафар таҳсил доштанд [16]. Дар мактуби махфии сардори Раёсати омори ҷумҳурӣ ба Б. Ғафуров аз 25.06.1951 «Оид ба рафти маҳви бесаводӣ» нисбати фаъолияти сусти мактабҳои маҳви бесаводӣ ва шумораи зиёди бесаводон маълумот пешниҳод гардида буд, ки дар асоси он Қарори Шўрои Вазирон аз 06.11.1951 нисбати анҷом додани маҳви бесаводӣ дар соли 1952 қабул гардид [17].
Дар ҳисоботи КМ ҲК (б) Тоҷикистон, дар соли 1947 Б.
Ғафуров баробари дигар масъалаҳои мубрами рўз ҳолати мактабу маорифро низ мавриди таҳлили ҳаматарафаи ҷиддӣ қарор медиҳад. Аз ҷумла, ў қайд намудааст, ки охири соли 1947 дар ҷумҳурӣ 2958 мактаб фаъолият дорад. Аз ин шумора 2139 мактаби ибтидоӣ, 729 мактаби ҳафтсола ва 97-тои он мактаби миёна мебошанд [18].
Шумораи хатмкардагони соли таҳсили 1946-1947-ро таҳлил карда, қайд менамояд, ки аз 465 нафар хатмкарда, танҳо 95 нафарашон (20,4%) ва аз 800 нафар хонандаи синфи 10-уми соли таҳсили 1947-1948 танҳо 281 нафар (35,1%) тоҷикон мебошанд [19]. Дар ҳамаи ҳисоботҳо, гузоришҳо, маърўзаҳо ва баромадҳои Б. Ғафуров дараҷаи тайёр намудани мутахассисон аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ, махсусан, тоҷикон дар мадди аввал меистод. Тайёр намудани мутахассисони соҳибмаълумот аз ҳисоби аҳолии маҳаллӣ, махсусан тоҷикон дар солҳои аввали баъдиҷангӣ ба масъалаи асосии ҳалталаби рўз табдил ёфта буд. Аммо мақомоти дахлдори ҳизбию давлатӣ дар маҳалҳо ва махсусан директорони мактабҳо барои ҳалли ин масъала чандон ҷадал надоштанд. Масалан, мактабҳои миёнаи вилояти Сталинободро соли 1947 ягон нафар тоҷик хатм накардааст ва дар вилояти Ғарм бошад дар бадали 6 сол (1941-1947) умуман ягон тоҷик мактаби миёнаро тамом намуда, соҳиби мадраки маълумот нагардидааст [20].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё