МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Бори аввал дар даҳсоли охир, соли таҳсили 1946-1947 нақшаи ба таълим фарогирии кўдакон дар синфҳои 1-4 иҷро гардид [12]. Фарогирии кўдакони синну соли мактабӣ ба таълим дар солҳои аввали баъдиҷангӣ масъалаи муҳим ва доғи рўз буд. Аз тарафи дигар пурра фаро нагирифтани кўдакону наврасон ва аз таҳсил дур мондани онҳо яке аз сабабҳои асосии зиёд гардидани шумораи бесаводон аз ҳисоби аҳолии деҳот гардида буд.
Маълум аст, ки аз солҳои 1942-1943 сар карда, шумораи хонандагони синфҳои I-IV сол то сол кам мешуд. Афзоиши шумораи хонандагони ин синфҳо танҳо дар соли таҳсили 1946-1947 ба назар мерасад [13]. Пурра ҷалб карда натавонистани кўдакон ба мактабҳои таълими умумӣ солҳои баъдиҷангӣ низ идома дошт. Масалан, соли таҳсили 1949-1950 25 ҳазор ва соли таҳсили 1950-1951 20,3 ҳазор кўдакони синну соли мактабӣ берун аз таҳсил монда буданд [14].
Масъалаи дигари ҳалталаби солҳои аввали баъдиҷангӣ, ки мақомоти ҳизбию давлатии ҷумҳурӣ бо роҳбарии Б.
Ғафуров онро вазифаи аввалиндараҷа медонистанд, пурра аз байн бурдани бесаводӣ буд. Бале, шумораи нафарони бесавод миёни аҳолӣ ҳанўз кам набуд. Тибқи барўйхатгирии аҳолӣ дар соли 1951 дар вилояти Сталинобод аз 228 589 нафар аҳолии синнусоли 9 то 49-сола 52 632 нафараш (23,0%) бесавод буданд. Дар ҷумҳурӣ 621692 нафар аҳолии аз 9 то 49-сола, 117195 нафар (18,9%) бесавод буданд [15].
Ин далели он аст, ки шумораи нафарони бесавод нисбат ба соли 1939 0,07% (18,2) афзудааст ва ба ин душвории солҳои ҷанг таъсири амиқ расонидааст. Аз ин ҷост, ки дар баробари дигар мактабҳо солҳои баъдиҷангӣ мактабҳои маҳви бесаводӣ низ амал мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё