МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
3.5.ТУҲФАИ КИТОБИ «ТОҶИКОН»
БА ҲАР ХОНАДОНИ КИШВАР-ИҚДОМИ БЕНАЗИРИ
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲРИКДИҲАНДАИ ЭҲСОСИ
ВАТАНДЎСТӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
Душанбе, 24.01.2020/АМИТ «Ховар»/Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 26 декабри соли 2019, зимни пешниҳоди Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи кунунии инкишофи ҷумҳурӣ афзалиятро бештар ба соҳаҳои илму маориф дода, дар бораи омўзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик ва арҷ гузоштан ба аҷдодони худ дастуру супоришҳо доданд. Дар робита ба ин мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар» Мавҷуда Анварӣ бо доктори илмҳои таърих, профессор, директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло УБАЙДУЛЛО суҳбат намуд.
АМИТ «Ховар»: Пешвои миллат дар Паёми навбатии хеш ба нақши китобхонаҳо ҳамчун маркази муҳими илму фарҳанг ва омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ, муҳимтарин воситаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии сокинон ва пешрафти тафаккуру ҷаҳонбинии онҳо бештар таваҷҷуҳ намуданд. Миллати соҳибфарҳанги мо дар тўли ҳазорсолаҳо дар минтақаҳои гуногуни Мовароуннаҳру Хуросон китобхонаҳои азим бунёд менамуд. Аз он махзани бузург на танҳо аҳли адабу мансаб, балки фақирону дигар қишрҳои ҷомеа низ метавонистанд истифода баранд. Дастури Пешвои миллат ба ҷомеаи кунунӣ доир ба хондани китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосир ба чӣ хотир аст?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё