МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Шумораи зиёди омўзгорон дар давраи аввали ҷанг ба фронт рафта буданд, аз сабаби нарасидани қувваи корӣ шумораи зиёди хонандагони синфҳои болоӣ мактабро тарк намуда, ба истеҳсолот гузаштанд. Баъзе аз биноҳои мактабҳо ба сифати беморхонаи ҳарбӣ ва ё дигар муассисаи барои замони ҷанг зарурӣ истифода мешуданд.
Аз ин лиҳоз, дар даҳсолаи аввали баъдиҷангӣ баробари азнавбарқароркунии дигар соҳаҳои хоҷагии халқ, барқарорсозии низоми тоҷангии мактабу маориф дар мадди аввал меистод. Бобоҷон Ғафуров чун сарвари аввал инро нағз мефаҳмид ва аз ин лиҳоз ба мактабу маориф диққати ҷиддӣ зоҳир мекард.
Тибқи нақшаи панҷсолаи барқароркунӣ ва инкишофи хоҷагии халқ дар солҳои 1946-1950 бояд таълими ҳатмии кўдакон аз синни ҳафтсолагӣ ба роҳ монда шуда, сифати он баланд, шумораи мактабҳо ва хонандагони онҳо меафзуд [3]. Дар ин панҷсола маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол то сол бояд зиёд мегардид. Агар соли 1946 барои маориф 284 млн. сўм ҷудо шуда бошад, соли 1952 439 млн.
рубл, ки 210 млн сўм аз соли 1940 зиёд буд, ҷудо карда шуд [4].
Қонун оид ба нақшаи панҷсолаи азнавбарқароркунӣ ва инкишофи хоҷагии халқи ҶШС Тоҷикистон барои солҳои 1946-1950, ки аз тарафи Шўрои Олии ҶШС Тоҷикистон моҳи августи соли 1946 қабул гардида буд, ба ибтидои давраи сарварии Бобоҷон Ғафуров рост омад. Нақшаи панҷсола дар соҳаи мактабу маориф дар ҳақиқат вазифаҳои ниҳоят муҳим ва мубрамро пеш мегузошт. Барои иҷрои ин нақша ва аз вартаи қафомондагӣ ва мушкилӣ раҳонидани соҳаи маориф, ў чун сарвари аввал тамоми кўшишу маҳорати худро дареғ надошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё