Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Бобоҷон Ғафуров аз минбари анҷуманҳои VII (соли 1948), VIII (соли 1952), IX (соли 1954) ва X (соли 1956) Ҳизби Коммунисти ҷумҳурӣ бо маърўзаҳои барномавӣ баромад намуда, раванди инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва фарҳангии ҷумҳуриро ба таҳлили ҳаматарафа кашида, як ба як камбудию норасогиҳо, танқисиву душвориҳороба миён гузошта [5], роҳҳои бартараф намудан ва ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷиддии ба миён омадаро низ пешниҳод менамуд.
Чун ин амалу муносибат аз рўзҳои аввали иҷрои вазифаи котиби аввали КМ ҲК (б) Тоҷикистон Б. Ғафуров ба назар мерасид. 10 августи соли 1946 Пленуми XIX КМ ҲК (б) Тоҷикистон масъалаи «Оид ба чораҳои беҳтар намудани маорифи халқи ҷумҳурӣ» [6] -ро мавриди муҳокима қарор дод. Дар яке аз аввалин Пленумҳои КМ ҲК (б) масъалаи мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки дар қатори дигар масъалаҳои мубрами давлатдорию хоҷагидорӣ Б. Ғафуров мактабу маориф мавқеъи марказӣ доштаааст. Пленум аз ташкилотҳои ҳизбию шўравӣ талаб намуд, ки дигаргунии куллии мактабу маорифро таъмин намуда, иҷрои ҳатмии қонун оид ба таълими умумиро ҷиддан ба роҳ монда, барои пурра таъмин намудани мактабҳо бо омўзгорон ва муҳайё сохтани шароити моддию маишии онҳо чораҳои мушаххас андешанд.
Соли 1947 бо ташаббуси Бобоҷон Ғафуров Кумитаи марказии ҲК (б) Тоҷикистон борҳо масъалаи мактабу маорифро мавриди муҳокима қарор додааст. 28 январи соли 1947 бюрои марказии КМ ҲК (б) «Оид ба таъминоти мактабҳо бо китобҳои дарсӣ» қарори махсус қабул намуд [7]. Дар воқеъ мактабу таълимгоҳҳо аз набудани китобҳои дарсӣ ва васоити таълимӣ мушкилиҳои зиёд доштанд.

пешина
аз 142
навбатӣ