Зеҳн
МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа

Таърих
Аз аввал хондан

Аз ёддошту хотироти шахсоне, ки ин марди бузургро аз наздик медонистанд ва бо ў ҳамкорӣ доштанд бармеояд, ки заковатмандӣ, дурандешӣ, ҷасурӣ ва сиёсатмадории табиӣ ба ў имконият дод, ки дар даҳ соли сарвари ҷумҳуриро ба уҳда доштан Тоҷикистонро аз рўи бисёр нишондиҳандаҳо ба дараҷаи ҷумҳуриҳои пешқадами умумииттифоқ бардорад. Академик Муҳаммад Осимӣ возеҳан қайд намудааст, ки «Б. Ғафуров бо хислатҳои фардии хеш аз роҳбарони ҳизбию давлатии замони худ хеле фарқ мекард» [2].
Бобоҷон Ғафуров дар давраи ниҳоят ҳассос, мураккаб ва барои ҷумҳурӣ тақдирсоз ба дастгоҳи марказии ҳизбии ҷумҳурӣ ба кор омад. Соли 1936 ў ба ҳайси инструктори КМ ба кор даъват шуда, дар муддати кўтоҳ мудири шуъбаи табъу нашр, сипас мудири бахши сиёсию равшаннамоӣ таъйин гардид. Солҳои вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) дар вазифаи котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба ташвиқоту тарғибот, солҳои 1945-1946 ба ҳайси котиби дуюми КМ ҲҚ (б) фаъолият намудааст.
Маҳз сатҳи намунавии ташкилотчигӣ дониши мукаммал санъати баланди ифодакунии сатҳи давлатӣ имкон дод, ки ў дар муддати 10 сол (1946-1956) вазифаи ниҳоят баланд - котиби аввали КМ ҲҚ (б) Тоҷикистон, ки он вакт сарвари ҷумҳурӣ ба ҳисоб мерафт, ба ўҳда дошта бошад.
Даҳсолаи баъдиҷангии роҳбарии Б. Ғафуров, дар таърихи ҷумҳурӣ, давраи ниҳоят мураккаб ва ҳалкунанда ҳисоб меёбад.
Тоҷикистон ҳарчанд аз хати фронт фарсахҳо дур буд, вале ба хоҷагии халқ, ба вижа мактабу маориф хисороти зиёде расида буд. Пеш аз ҳама барои таълиму тадрис шароити зарурӣ фароҳам набуд, ашёи таълим, махсусан китобу дафтар намерасиданд.

пешина
аз 142
навбатӣ