МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
3.4. САҲМИ Б. ҒАФУРОВ ДАР ИНКИШОФИ
МАКТАБУ МАОРИФИ ТОҶИКИСТОН
(СОЛҲОИ 1946-1956)
Муаллифи асари машҳури бисёрҷилдаи «Муқаддимаи таърихи илм» Жорж Сортон таърихи тамаддуни инсониятро ба давраҳо тақсим карда, давраҳоро бо номи олимоне иртибот медиҳад, ки дар замони худ нуфузи зиёде доштанд. Аз ҷумла, нимаи аввали қарни ІХ-ро «замони Алхоразмӣ», нимаи дуюми асри ІХ-ро «замони Розӣ», нимаи аввали асри ХІ-ро «замони Берунӣ», нимаи дуюми асри ХІ-ро «замони Умари Хайём» номидааст [1].
Агар аз лиҳози мантиқ ба фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуров дар рушди давлатдории навин фарҳангу худшиносии миллӣ, алалхусус илми таърихшиносии тоҷик ва шарқшиносии шўравӣ назар карда, онро бо усули даврабандии Жорж Сортонро мувофиқ намоем, бе ҳеҷ муболиға солҳои 40-70-уми асри ХХ-и халқи тоҷикро чун «замони Б. Ғафуров» ном бурдан ба воқеият рост меояд. Зеро Б. Ғафуров бо асару мақолаҳои хеш ба доираи илми ҷаҳонӣ ворид гашта, чун ходими аввалдараҷаи давлатӣ дар рушди худшиносии миллӣ хизмати бесобиқаеро ба ҷо овардааст. Дар кадом вазифаи давлатию ҳизбие, ки кор кардааст, ҳамеша пешравии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази диққат нигоҳ медошт. Махсусан, дар давраи фаъолияти бистсолаи худ дар КМ ҲК Тоҷикистон (аз ходими оддӣ то котиби якуми КМ), маҳорати намунавии роҳбарӣ, дар мадди аввал гузоштани манфиати миллӣ, барои роҳбари ҳақиқии давлат хос будаи Б. Ғафуров айён гардиданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё