МАСОИЛИ НАЗАРИЯВӢ ВА КОНСЕПТУАЛИИ ТАЪРИХИ ХАЛҚИ ТОҶИК ДАР АСАРҲОИ МУАРРИХОН

Китоби мазкур назари муаллифро доир ба консепсияи таърихи халқи тоҷик дар асарҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истиқлолият ва нигоҳи нав ба таҳқиқи таърихи халқи тоҷик, инъикоси таърихи ниҳодҳои омўзишӣ ва муносибати руҳониён ба онҳо дар асарҳои академикҳо В.В. Бартолд ва А.А. Семенов, консепсияи илмии академик Б. Ғафуров оид ба масъалаи истилои муғул ва мафҳуми «деҳқон», мактабҳои усули ҷадид ва нақши онҳо дар таърихи маориф ва дигар масъалаҳои мубрами таърихи халқи тоҷикро фаро мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 142 саҳифа
Муҳаққиқ бо таҳлили ҷиддӣ дар асоси мабнои дақиқи маъхазшиносӣ ва бо далелу асноди асосноки илмӣ хулосаи қатъӣ мебарорад, ки истилои муғул ба сарзамини мардуми ориёинажод зарбаи ҳалокатовар зада, боиси харобӣ ва таназзули ин минтақаи пешрафта гардид.
Оқибати фоҷеабори истилои муғул пешрафти минбаъдаи хоҷагӣ ва фарҳанги минтақаро ба муддати наслҳо ақиб партофт.
Академик Б. Ғафуров ба муқобили кўшишҳои олимону муаллифони дохилию хориҷӣ, ки бо ҳар роҳу васила ба ин ҳаводиси таърихӣ «ҷомаи нав» мепўшонанд ва онро падидаи пешқадам ва барои мардуми сарзаминҳои истилошуда муфиду манфиатовар меҳисобанд, котеъона зид мебарояд. Аз ҷумла, дар «Тоҷикон»-и худ дар мисоли андешаҳои ду муаллифи хитоӣ Хан Жулин ва Ян –Чжи- Сзю, ки ҷангҳои истилогаронаи Чингизхон ва ворисон ўро ситоиш намуда, барои кишварҳои истилошуда нақши пешқадамона доштани онро таъкид мекунанд, зери танқиди ҷиддӣ мегирад. «Вақтҳои охир, - менависад академик Б. Ғафуров, - баъзе муаррихон ҳамчун ситоишгари ҷангҳои истилокоронаи Чингизхон ва ворисони ў баромад карда, ба амалиёти хунхоронаи онҳо бо ҳар васила мадҳу сано мехонанд. Онҳо ба тохтутозҳои истилогарони муғул дар кишварҳои бегона аҳамияти прогрессивиро нисбат дода, мавқеи ононро баланд бардоштанӣ мешаванд» (саҳ.
608). Ин гуна муаллифон ба ақидаи Б.Ғафуров мекўшанд, ки «муттаҳид намудани Чин» ва аз байн бардоштани монеаҳои ба вуҷуд овардаи ҳукмронони давлатҳои мухталиф «дар роҳи мубодилаи иқтисодию мадании Чин» бо давлатҳои ғарбро натиҷаи пешқадамонаи лашкаркашии Чингизхон ва ворисони ў ҳисобанд (саҳ.608-609). Аслан чунин баҳогузорӣ баробари ғаразҳои илмӣ инчунин дорои мақсадҳои пардапўшонаи сиёсӣ ва геополитикӣ дошта, имрўз низ дар бархе аз кишварҳои минтақа садо медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё