АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Гунҷишк бошад ба падараш нома менавишт ва пул мефиристод.
Ҳамин тавр даҳ сол гузашт. Рӯзе бародарон аз падарашон мактуб гирифтанд: «Ман хеле хурсандам, ки ҳар дуи шумо меҳнатдӯст ба камол расидаед,– навишта буд падар. – Фақат аз писари хурдӣ хавотир ҳастам, ки барои чӣ нома наменависад?! Ман пир шудаам ва маргам наздик аст. Мехоҳам, ки пеш аз мурданам шуморо бубинам».
– Гӯш кун зоғчаи кабуд,– гуфт гунҷишк,– мо бояд зуд ба деҳа баргардем. Аҳволи падарамон бад шудааст, зиёрати ӯ ба мо қарзи фарзандист.
Чунин гуфта, ба сафар тайёрӣ дид.
– Бародар, ту рав,– гуфт зоғчаи кабуд,– ман баъдтар меравам.
Гунҷишк тӯша баста, роҳи деҳаро пеш гирифт. Зоғчаи кабуд мехост, ки ба деҳа мисли бойбачаҳо бо сару либоси зебо баргардад.
Зоғчаи кабуд то олуфта шуда, ба деҳа рафт, ки падараш кайҳо аз дунё гузашта буд. Аҳли деҳа ба назди гунҷишк омада, ӯро дилбардорӣ мекарданд.
Одамон ба зоғчаи кабуди қарзи фарзандиро фаромӯшкарда нигоҳ карда, аз ӯ рӯй тофтанд.
– Падарам пеш аз мурданаш туро хеле ёд карданд, – гуфт гунҷишк ва сахт гиря кард.
Одамон, ки истода буданд, инро шунида, гуфтанд:
– Эй зоғчаи кабуд, ту магар девона шудаӣ, ки ба ҷанозаи падарат бо чунин либос омадаӣ! Дар зиндагии падарат ҳеҷ чиз нашудӣ, маргаш ҳам ба ту сабақ нашуд! Ту меҳру муҳаббатро ба либосҳои гарону зебо иваз кардӣ!
Одамон чунин гуфта, зоғчаи кабудро аз деҳа ронданд.
Аз ҳамон замон зоғчаҳои кабуд олуфта шуда, дар кӯҳҳои баланд зиндагӣ мекунанд, то ба чашми мардум камтар намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё