Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Одамон “Воҳ!”-гӯён ба чор тараф гурехтанӣ шуданд, аммо пешониҳояшон сахт ба ҳам бархӯрда, аз чашми ҳамаашон шарора парид. Ҳамаи шарораҳо ба оташ табдил ёфтанд ва дар атроф ҳама чиз сӯхт. Ҳам одамон, ҳам Гомбэй ва ҳам ибодатгоҳро оташ хокистар гардонд. Давоми ин афсона ҳам дар ҳамон ҷо сӯхт.

ГУНҶИШК ВА ЗОҒЧАИ КАБУД

Дар замонҳои қадим гунҷишк ва зоғчаи кабуд бародари ҳамхун буданд. Модари онҳо мурд ва бо падарашон танҳо монданд. Бародари калонӣ – гунҷишк гапдаро буд ва ба падараш итоат карда, рӯзи дароз дар саҳро кор мекард. Аммо зоғчаи кабуд, синну солаш хурд ҳам бошад, тануманд ва боқувват буд. Вай рӯзи дароз бекор мегашт, зеро корро дӯст намедошт.
Рӯзе падарашон онҳоро ҷеғ зада гуфт:
– Фарзандони азизам, шумо калон шудед. Акнун ба шаҳр рафта, худатон кор омӯзед ва мустақилона зиндагӣ кунед.
– Падарҷон, охир мо шуморо чӣ хел партофта меравем? – пурсид гунҷишк.
– Аз як чизҳое хавотир мешавӣ, ки…,– гуфт зоғчаи кабуд.– Падарамон пир ҳам бошад солим ва боқувват аст. Ба ӯ чӣ ҳодиса рӯй доданаш мумкин?
Бародарон ба шаҳр рафтанд, аммо баробари ба хизмати ғуломдор – Даймё даромаданашон ба онҳо нохушӣ рӯй дод.
Гунҷишк бо кӯшиши тамом кор мекард, аммо зоғчаи кабуд ба гирду атроф назар мекард. Ӯ дар ҳаёташ чунин ҳаёти пур аз дилхушии шаҳрро надида буд. Зоғчаи кабуд рӯзи дароз бекор мегашт, вале бой ба онҳо баробар музд медод. Бародари калонӣ маҷбур буд, ки ба ҷои додараш ҳам кор кунад.
Бародарон дар шаҳр хеле вақт зиндагӣ карданд. Зоғчаи кабуд рӯз аз рӯз танбалтар мешуд. Вай пули бародараш кор кардаро барои нӯшидани сакэ (шароби биринҷӣ) сарф мекард ва падарашро ба хотир намеовард.

пешина
аз 29
навбатӣ