Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

ГУНҶИШКИ ЗАБОНБУРИДА

Дар замонҳои хеле қадим пиру кампире дар як деҳа зиндагӣ мекарданд. Онҳо фарзанд надоштанд, аз ин рӯ пирамард гунҷишкеро дар қафас гирифта буд ва онро мисли фарзанди худаш дӯст медошт.
Боре мӯсафед ба ҷангал барои ҳезумчинӣ рафт, аммо кампир дар хона барои ҷомашӯӣ истод. Кампир ба ошхона барои оҳар рафт, то либосҳои шустаашро оҳар диҳад. Вале ҳарчанд онро дар ошхона кофт, асаре наёфт. Ҳангоми дар лаби ҳавз ҷомашӯӣ кардани кампир гунҷишк аз қафас баромада, оҳарро покиза хӯрда буд. Кампир пай бурд, ки ин кори гунҷишк аст ва то ҳад дошт бадқаҳр шуд. Ӯ парандаи бечораро дастгир намуда, аз нӯлаш дошт ва гуфт:
– Ман аз забони ту ба чунин ҳол омадам? Қайчиро гирифта, «ғарч» забони гунҷишкро бурид. Кампир гунҷишки безабонро ба кӯча ҳаво дода, хандид:
– Акнун ба куҷое, ки равӣ, рафтан гир!
– Ой, ой, ой!.. – нолишкунон, гунҷишк аз ҳавлӣ парида рафт.
Бегоҳ мӯсафед як банд ҳезум дар пушташ аз ҷангал ба хона баргашт.
– Оҳ, имрӯз ҳам хеле монда шудам! Гунҷишк ҳам то ҳол дон нахӯрдагист. Камтар ба вай дон диҳам.
Ӯ ба назди қафас рафт, аммо гунҷишк набуд. Мӯсафед ҳайрон шуда аз кампир пурсид:
– Гӯш кун, кампир. Намедонӣ гунҷишкакамон куҷо рафта аст?
– А-а, гунҷишкак! Гунҷишкаки ту ҳамаи оҳари маро хӯрд!
– бо қаҳр ҷавоб дод кампир. – Забонашро бурида, аз хона пеш кардам.
– Эҳ, бечора, ба ту чӣ бераҳмӣ карданд!.. – бо дилтангӣ оҳ кашид мӯсафед.
Мӯсафед шаби дароз хоб нарафта, фикр мекард, ки гунҷишки безабон куҷо рафта бошад.

пешина
аз 29
навбатӣ