Зеҳн
АФСОНАҲОИ ХАЛҚИ ҶОПОН

Аз ҷопонӣ тарҷумаи Разиюддин Атоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 24 сентябри 2026 · 29 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Рӯзи дигар барвақт хеста, ба ҷустуҷӯи гунҷишки дӯстдоштааш рафт. Асозанон фарёд мекард:
– Гунҷишкаки забонбурида, ту дар куҷоӣ? Овоз барор!
Хонаи ту куҷост? Ӯ аз майдон гузашта, кӯҳеро низ пушти
сар кард. Боз як майдону як кӯҳи дигарро гузашт. Саранҷом
ба ҷое расид, ки хайзурон (бамбук) рӯйида буд. Ӯ садоеро
шунида худ ба худ гуфт:
– Гунҷишки забонбурида дар ҳамин ҷо зиндагӣ мекунад!
Мӯсафед хурсанд шуда, ба тарафи овоз нигоҳ кард ва дар
сояи дарахт хоначаи сурхакеро дид. Гунҷишк кайҳо аз хона
баромада, ба пешвози мӯсафед меомад.
– Хуш омадӣ, мӯсафед!
– Саломатиат чӣ хел, гунҷишкак? Ман туро хеле ёд кардам ва ба диданат омадам.
– Бисёр хурсанд шудам, ташаккур мӯсафед. Марҳамат!
Вай мӯсафедро ба хоначааш дароварда, таъзим кард ва
гуфт:
– Ман дар назди ту гунаҳкорам, зеро ки оҳари қиматбаҳоятро нопурсида хӯрдам. Илтимос, маро бибахш ва қаҳр
накун.
– Ту чиҳо мегӯӣ! Гунаҳкор ман ҳастам. Охир, дар вақти
набудани ман ба ту ҳодисаи нохуш рӯй дод. Лекин ман хурсандам, ки боз туро мебинам.
Гунҷишк хешу табор ва дӯстонашро ҷамъ карда,
мӯсафедро бо беҳтарин таомҳои дӯстдоштаашон меҳмондорӣ карданд. Баъд ба сурудхониву рақс даромаданд.
Мӯсафед чунон хурсанд шуд, ки ҳатто хонаи худашро аз хотир баровард. Аммо вақти ба хона баргаштан шуда буд.
Шом шуда истода буд. Мӯсафед саросема шуд:
– Ба ман иҷозати рафтан деҳ. Шаб нашуда ба хона рафтанам лозим аст.
– Хонаи ман танг аст, аммо илтимос шабро дар ҳамин ҷо
саҳар кун! – хоҳиш карданд гунҷишку дӯстонаш.

пешина
аз 29
навбатӣ